Дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Чорабинии идона бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ дар фазои…
Дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Чорабинии идона бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ дар фазои идона баргузор шуда, ба он ҳусни тоза бахшид.
Дар доираи ҷашн барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ баргузор гардида, суруду таронаҳои дилнишин, рақсу бозӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд. Ҳамзамон, хони наврӯзӣ бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, маҳорати занону духтарон дар омода намудани таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.
Зимни суханрониҳо иштирокдорон Наврӯзи байналмилалиро ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдилӣ ва ваҳдати мардум арзёбӣ намуда, ба сокинон орзуҳои нек баён карданд.