Имрӯз таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соати сиёсӣ бо масъулин ва фаъолони ноҳия баргузор гардид. Ин мулоқот бо мақсади омӯзиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии…
Имрӯз таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соати сиёсӣ бо масъулин ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Ин мулоқот бо мақсади омӯзиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73 «Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баргузор гардида, аз ҷониби баромадкунандагон ҳаммаи бандҳои он мавриди омӯзиши васеъ қарор дода шуданд.
Нахуст, раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид чорабиниро ифтитоҳ намуда, моҳият ва аҳамияти муҳими Стратегияи мазкурро шарҳ дод. Қайд гардид, ки Стратегияи мазкур аз 8 боб ва 158 банд иборат буда, ҳадафи асосии он такмили сиёсати давлатӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар чорабинӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбарони шуъбаву идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла ва ходимони дин иштирок намуданд.
Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки Стратегия ба пешгирии барвақтии экстремизм дар ҷомеа, бахусус дар байни ҷавонон, коҳиш додани омилҳои хатарафзо, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва барқарорсозии шахсони осебпазир равона шудааст.
Қосимӣ Назокат - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баррасии Стратегияи мазкурро муҳим арзёби намуда, бобати амалишавии ҳаммаи бандҳои он ва татбиқи босамари ин санади муҳим аз ҳозирин даъват ба амал оварда, қайд намуд, ки дар ин Стратегия вазифаҳои давлату ҳукумат ва мактабу оила муфассал муаян карда шуда, фаъолнокии тамоми ҷомеаро талаб менамояд. Зикр гардид, ки амалисозии Стратегия бо иштироки фаъоли мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шуда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати он аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки оид ба татбиқи қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои дахлдор таҳия ва тасдиқ гардида, барои иҷро ба масъулин пешниҳод карда мешавад.
Дар фарҷоми соати сиёсӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид таъкид намуд, ки ҳар як масъул бояд дар пешгирии зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм аз худ фаъолнокӣ нишон дода, онро сармашқи кори худ намоянд.