Инак, ба сарзамини кӯханбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардумū – Наврўзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ташриф овард. Ин ҷашн давоми ҳазорҳо сол ҳамчун шиносномаи миллати соҳибтамаддуни мо боқū мондааст.
Ҷашни Наврӯз аслан яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва ибтидои Соли нави аҷдодū мужда мерасонад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагū буда, ҳамзамон чун суннати қадимаи ниёгони ориёии мо маънои пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадиро ифода месозад. Бояд зикр намуд, ки Наврӯз дар давоми таърихи беш аз шашҳазорсолаи хеш бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, хамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ то имрўз ҷашн гирифта мешавад.
Сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия ҷашни Наврӯзи Аҷамро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū, гиромидошти суннатҳои поки аҷдодū ва азму ниятҳои созандаву ободонии Ватани маҳбуб гарм истиқбол мегиранд.
Субҳи наврӯзии ноҳия бо садои карнаю сурнай ва суруду таронаҳои баҳорӣ оғоз гардид.
Чун хамешагū мардуми ноҳия ба идгоҳи назди - Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо рамзҳои давлатū, парчамҳои рангоранги идона, шиору овезаҳои тараннумгари Наврӯз оро додашуда буд, ташриф оварда аз намоиши хунарҳои халқū, маҳсули дастони пазандагону қаннодони ноҳия, барномаи консертии саршори шукронаи баҳору Наврӯз, табиати зебову осмони соф ва эҳсосоти наҷиби айёми шукуфоū бо иштироки санъаткорони диёр лаззат бурданд.
Дар даромадгоҳи Наврӯзгоҳ дар растаю хаймаҳои идона бо риояи анъанаҳои миллӣ суфраҳои наврӯзии ҳафт сину ҳафт шин ва таомҳои миллии хоси Наврӯз, шириниҳои миллӣ, суманак, маҳсулоти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва гаҳворасозӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.
Мардум дар гӯшаву канори Наврӯзгоҳ бо савту тарона, иҷрои суннатҳои наврӯзӣ ва намоиши санъати пурғановати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол, меҳнати бунёдкорона ва пуршарафи мардуми он, фазои осудаву ороми Ватани маҳбуб ва орзуву ормонҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро ситоиш мекарданд.
Дар ҷараёни он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи меъмори ва сохтумони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Юсуфӣ Мирзозода, муовини аввали раиси КИ ҲХДТ, Маликшо Неъмат, Раиси ноҳия Амирзода Маҳмуд Ҳамид баромад намуда, бо баробари таҳниятгӯии мардум, ҷанбаҳои бузурги ахлоқū ва ҷойгоҳу мақоми хосаи Наврӯзро дар фарҳанги халқҳои кишварҳои ҷашнгирандаи Иди Ҷамшедū, хоса тоҷикон тазаккур доданд. Бо омад-омади Наврўз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад. Хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накӯкорӣ ва созандагиро бедор мекунад. Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рўзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд».
Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд.
Барномаи консертии саршори шукронаи баҳору Наврӯз, табиати зебову осмони соф ва эҳсосоти наҷиби айёми шукуфоū бо иштироки санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия анҷомбахши тантанаҳои идона гардиданд.