Расонидани кумак ба ниёзмандон дар арафаи Наврӯз ва Иди саиди Рамазон яке аз анъанаҳои неки инсонӣ ва арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯзҳои муборак, бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳифзи муҳити зист" Зикирзода…
Расонидани кумак ба ниёзмандон дар арафаи Наврӯз ва Иди саиди Рамазон яке аз анъанаҳои неки инсонӣ ва арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин рӯзҳои муборак, бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳифзи муҳити зист" Зикирзода Нусратулло ба зиёда аз 30 оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон ва пиронсолон кумакҳои моддӣ расониданд.
Ҳадафи асосии чунин иқдомҳо дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва тақвияти ҳисси ҳамбастагӣ миёни мардум мебошад. Инчунин, чунин амалҳои хайр ба таҳкими арзишҳои ахлоқӣ, меҳрубонӣ ва инсондӯстӣ мусоидат мекунанд.
Дар арафаи ин ду иди бузург, ҳар як шахс метавонад саҳми худро гузорад ҳатто як амали хурди нек метавонад ба зиндагии касе шодӣ ва умед бахшад.