Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчинён" бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва таъмини бехатарии хонандагон бинои садамавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бартараф карда мешавад. Ба ҷойи бинои…
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчинён" бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва таъмини бехатарии хонандагон бинои садамавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бартараф карда мешавад.
Ба ҷойи бинои кӯҳна бунёди бинои нави дуошёнаи таълимӣ иборат аз 11 синфхона ба нақша гирифта шудааст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ба хонандагон мусоидат менамояд.
Корҳои бартарафсозии бинои садамавӣ ва омодасозии қитъаи сохтмон зери роҳбарии раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид бо иштироки фаъолони маҳаллӣ ва сокинон тариқи ҳашари дастаҷамъона ба роҳ монда шудааст.
Иқдоми мазкур нишонаи ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносии сокинон нисбат ба рушди соҳаи маориф ба шумор меравад.