Роҳсозӣ ҳамчун яке аз корҳои хайрхоҳона дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ба бартараф намудани мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон мусоидат менамояд. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли…
Роҳсозӣ ҳамчун яке аз корҳои хайрхоҳона дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ба бартараф намудани мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои созандагию ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ вусъати тоза гирифтааст.
Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни кор раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид сафари корӣ ба деҳаи Бӯстон анҷом дод. Нахуст, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қосимӣ Назокат бо масъулини муассисаи роҳсозӣ, шахсони масъул, фаъолони маҳаллӣ ва мардуми меҳнатқарини Ҷамоат сӯҳбати самимӣ анҷом дода, барои дастгирии ташаббусашон изҳори сипос намуд.
Бо дастгирӣ аз супоришҳои раиси ноҳия, дар ҳудуди деҳаи Бӯстон, Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ зиёда аз 2,6 километр роҳ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва шахсони саховатманд мумфарш гардида истодааст.
Паҳноии роҳ 3 метр буда, он бо ғафсии 8 сантиметр, мутобиқ ба талаботи муосири роҳсозӣ мумфарш гардидааст. Бо ба истифода дода шудани ин иншоот ҳаракати нақлиёт осону бехатар гардида, шароити рафтуомади сокинон ба маротиб беҳтар хоҳад шуд.
Иқдоми мазкур намунаи равшани ҳамбастагӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандон дар роҳи ободонӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.