Модарону хоҳарони азиз! Ҳамдиёрони гиромӣ! Боиси ифтихор аст, ки таҷлили Рӯзи Модар ба рӯзҳои зебои баҳорӣ ва арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост меояд, ки рамзи нек ва фоли фархунда ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои…
Модарону хоҳарони азиз!
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Боиси ифтихор аст, ки таҷлили Рӯзи Модар ба рӯзҳои зебои баҳорӣ ва арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост меояд, ки рамзи нек ва фоли фархунда ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд:
«Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».
Занону бонувони тоҷик ин дастуру ҳидоятҳоро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ нақши муассир мегузоранд.
Вақте ки дар бораи зан–модар сухан мегӯем, пеши назар симои муқаддасу бузурге падид меояд, ки дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат мақому манзалати баланд дорад.
Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти инсон мебошад. Рисолати модар дар назди башарият бениҳоят бузург аст ва инсоният ҳамеша бо эҳтиром ва қадршиносӣ ба заҳмату фидокориҳои ӯ арҷ мегузорад.
Бузургон дар ситоиши зан–модар суханҳои пурҳикмат гуфтаанд. Яке аз бузургтарин қадршиносиҳо нисбат ба модар дар ҳадиси Паёмбари бузурги ислом Муҳаммад (с) зикр шудааст, ки фармудаанд:
«Биҳишт зери қудуми модарон аст».
Дар ҳамин маънӣ Аллома Иқболи Лоҳурӣ чунин фармудааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Ин суханони пурҳикмат бори дигар аз бузургӣ, ҳаётофарӣ ва ивазнашавандагии модар шаҳодат медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар васфи зан–модар таъкид намудаанд:
«Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсонӣ мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабаки одамият омӯхтаем».
Чунин қувва, истеъдод ва эҷодкориҳои баланди зан–модари тоҷик аз назари Ҳукумат ва Президенти мамлакат дур намондааст. Аз ин рӯ, нисбат ба онҳо ҳамеша эҳтирому арҷгузории зиёд зоҳир мегардад. 8 март ҳамчун Рӯзи Модар расман таҷлил гардидани он нишонаи равшани қадршиносии давлату Ҳукумат нисбат ба занону модарон мебошад.
Рӯзи Модар иди ҳар як инсон ва ҳар як хонавода аст. Ин рӯзи саид моро водор месозад, ки бори дигар ба бузургдошти модар, ба эҳтирому гиромидошти шахси азизтарин – модар арҷ гузорем.
Мо хуб медонем, ки занон бо меҳнати софдилона дар рушду шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар ноҳияи мо низ шумораи чунин заноне, ки бо меҳнати бунёдкорона миёни аҳли ҷомеа ном баровардаанд, хеле зиёд мебошад.
Аз ҷумла, Қаҳрамони меҳнат Сайфура Зоирова, инчунин пешоҳангони соҳаҳои гуногуни ҷомеа — Ҳамрохбӣ Абилова, Майда Иброҳимова, Оймомо Ойматова, Буйра Раҳимкулова, Наврӯзмоҳ Шарифова, Бибисоима Юнусова, Бустон Сулаймонова, Хумор Азизова, Бибирайхон Урунова, Азизбибӣ Назарова, Валентина Абдусамадова, Дилбар Шарифова, Лидия Савина, Музаффара Наимова, Фаина Раҳимова ва дигарон бо фаъолияти пурсамари худ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.
Имрӯз таҷрибаи онҳо аз ҷониби занони фаъоли ноҳия, аз ҷумла Гулнисо Паҳлавонова, Азизмо Маҳмадиева, Хурбинисо Рассоева, Садафмо Бердиева, Ҳосият Нематова, Насиба Назирова ва дигарон идома дода мешавад.
Айни замон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зиёда аз 23 ҳазору 52 нафар занону бонувон фаъолият доранд. Аз ҷумла, 1 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 11 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 44 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Мо бо азму ирода ва меҳнати содиқонаи модарону хоҳарони азизамон умед ва боварии комил дорем, ки онҳо ҳамеша дар баробари мардон барои ободию пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шумо - модарону хоҳарони гиромиқадр-ро ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, умри дароз, рӯзгори ободу осуда ва бахту иқболи баланд таманно менамоям.
Идатон муборак, модарону хоҳарони гиромиқадр!