Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат дар ҳамкорӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аёдати як қатор собиқадорон ва занони фаъоли ноҳияро ба роҳ…
Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат дар ҳамкорӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аёдати як қатор собиқадорон ва занони фаъоли ноҳияро ба роҳ монданд.
Зимни аёдат саҳми арзишманди занону модарон дар рушду пешрафти ҷомеа, тарбияи насли наврас ва таҳкими арзишҳои миллӣ таъкид карда шуд.
Ба занони собиқадор ва фаъолони ҷомеа туҳфаҳои хотиравӣ аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардида, ба онҳо барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоёнашон изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.
Модарону занони гиромиқадр аз чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки минбаъд низ барои пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли солим саҳми худро хоҳанд гузошт.