Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ба аёдати модарони рӯзгордидае, ки синнашон аз 100 боло мебошад, рафта, ба онҳо эҳтирому қадрдонӣ баён намуданд. Зимни ин дидору мулоқот модарони гиромӣ —…
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ба аёдати модарони рӯзгордидае, ки синнашон аз 100 боло мебошад, рафта, ба онҳо эҳтирому қадрдонӣ баён намуданд.
Зимни ин дидору мулоқот модарони гиромӣ — Қурбонова Давлатмо (106 сола), Қурбонова Муаззам (103 сола) ва Бобохонова Зулфия (100 сола) аёдат гардида, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуда, ба онҳо орзуву таманниёти нек иброз гардид.
Дар ҷараёни суҳбати самимӣ таъкид гардид, ки хизматҳои модарон дар тарбияи насли солиму ватандӯст ва рушди ҷомеа бисёр арзишманд буда, онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд.
Дар ин аёдат раиси ноҳияро Қосимӣ Назокат – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, Давлатова Зарангез – мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раҳимзода Абдукарим – мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.
Қадршиносии модарони рӯзгордида нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату фидокории занону модарон ва эҳтиром ба таҷрибаи гаронбаҳои зиндагии онҳо ба ҳисоб меравад.