Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои табақаҳои осебпазири ҷомеа – маъюбон, пиронсолон, ятимон ва ниёзмандон бояд дар меҳвари тавваҷуҳи давлату ҷомеа қарор дошта бошад. Ба мақсади иҷрои…

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои табақаҳои осебпазири ҷомеа – маъюбон, пиронсолон, ятимон ва ниёзмандон бояд дар меҳвари тавваҷуҳи давлату ҷомеа қарор дошта бошад.
Ба мақсади иҷрои барқияи №7 КИМ ҲХДТ бахшида дар арафаи моҳи мубораки “Рамазон” як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ гардида истодааст.
Имрӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” ба 20 - нафар оилаҳои ниёзманд ва шахсони маъюб кумаки яквақтинаи маводи ғизоӣ расонида шуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин иқдомҳои хайриявӣ арҷгузорӣ ба дастгирии қишри осебпазири ҷомеа ва тақвияти рӯҳияи ҳамдиливу инсонпарварӣ мебошад. Дар доираи ин ташаббус ба чандин оилаҳои эҳтиёҷманд орд, равған, биринҷ, макарон ва дигар маводи аввалияи ниёзи рӯзгор расонида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳзизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат, зимни суҳбат бо шахсони ниёзманд иброз доштанд, ки ғамхорӣ ба аҳолии ниёзманд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳизб ба шумор меравад.
Бо чунин амалҳои хайриявӣ ин иқдоми мазкур бори дигар нишон дод, ки меҳрубонӣ ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирӣ метавонад дили инсонҳоро шод гардонад ва умеди зиндагиро қавитар созад.