Бо дастгирӣ ва саҳми фаъолонаи сокинони маҳал, дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳот Саёд ҷараёни сохтмон ва таъмири боғчаи кӯдакона бомаром идома дорад. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бо пуштибонии сокинони саховатманд амалӣ гардида истодааст.
Дар рафти корҳои анҷомдодашуда, синфхонаҳо пурра таъмир гардида, шароити мусоид барои тарбия ва таълими кӯдакон фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон, майдончаи бозӣ барои кӯдакон бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегардад.
Сокинони маҳал дар иҷрои корҳои сохтмонӣ, таъмини масолеҳ ва ободонии гирду атроф саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Ин ҳамкории зич намунаи равшани иттиҳоду ҳамдилии мардум баҳри рушди соҳаи маориф мебошад.
Бояд зикр намуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани боғчаи мазкур барои фаро гирифтани теъдоди бештари кӯдакон ба таълиму тарбия мусоидат намуда, шароити беҳтари иҷтимоиро дар маҳал таъмин хоҳад кард.
Корҳо тибқи нақша идома дошта, масъулон итминон медиҳанд, ки иншоот дар муҳлати муқарраршуда ба истифода дода мешавад.