Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, суҳбату вохӯриҳои раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид бо фаъолон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку…
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, суҳбату вохӯриҳои раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид бо фаъолон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома доранд.
Ин мулоқотҳо бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, татбиқи ташаббуси «300 рӯзи ободонию созандагии дурахшони Ватан», инчунин истиқболи шоистаи ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ гардида истодаанд.
Мулоқоти навбатӣ дар ҷамоати деҳоти Вахшон баргузор шуда, зимни он масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди пахтакорӣ ва пиллапарварӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, нашъамандӣ, худкушӣ ва худсӯзӣ, инчунин ҷилавгирӣ аз шомилшавии занону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва пешгирӣ аз тақлид ба фарҳанги бегона мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода шуданд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки истифодаи босамари ҳар ваҷаб замин, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва гирифтани то се ҳосил дар як сол метавонад дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас гузорад.
Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ иброз гардид, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоти бегона нагарданд ва барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд. Таъкид шуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони худогоҳ ҳам қарз ва ҳам шарафи бузург мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ моҳияти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар қонунҳо ба таври муфассал шарҳ дода шуд.
Бо дастури бевоситаи раиси ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, вобаста ба самтҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҳудуди ҷамоат фаъолият менамоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон саволу дархостҳои худро иброз дошта, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.