АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БО УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЯККАТУТ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ВАРЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД Бо мақсади рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ миёни ҷавонон, финали мусобиқаи…
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БО УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЯККАТУТ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ВАРЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Бо мақсади рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ миёни ҷавонон, финали мусобиқаи футбол бо усули деҳа ба деҳа дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яккатут бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ — Шарифзода Рамазон, инчунин мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ — Боймуродов Фирдавс иштирок намуда, ба баргузории чунин мусобиқаҳо баҳои баланд доданд.
Қайд гардид, ки ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ҷавонон яке аз роҳҳои муҳими таҳкими саломатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Мусобиқа дар фазои рақобати солим баргузор гардида, дастаҳо маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Дар фарҷом ба дастаҳои ғолиб ва иштирокчиёни фаъол сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди соҳаи варзиш ва муттаҳидсозии ҷавонон мусоидат менамояд.