Имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2025 баргузор гардид. Дар…
Имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, роҳбарони муассисаю корхонаҳои ноҳиявӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни нишаст натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисод, кишоварзӣ, буҷет, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, роҳсозӣ ва таъмини иҷтимоии аҳолӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки дар соли 2025 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тавонист ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба масъалаҳои рушди саноат, кишоварзӣ, маориф, хизматрасонии тиббӣ ва татбиқи нақшаҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои худ ҷавобҳои аниқ гирифтанд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамкории судмандро бо воситаҳои ахбори омма идома дода, ҷиҳати таъмини шаффофият, дастрасии иттилоот ва огоҳии ҷомеа аз фаъолияти мақомоти давлатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.