Ба ифтихори таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи амалии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид аз ҷараёни корҳои созандагӣ дар яке аз иншооти муҳими инфрасохтори энергетикӣ - зеристгоҳи барқӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи энергетикии кишвар дар деҳаи Бадриддини Ҳилолии Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ боздид ба амал овард.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар ин иншоот корҳои сохтмонию васлгарӣ идома дошта, таҷҳизоти муосири барқӣ - трансформатори қувваи барқ дар майдони махсус насб гардидааст. Таҷҳизоти мазкур мутобиқ ба талаботи меъёрҳои техникиву бехатарӣ насб шуда, дорои иқтидори зарурӣ барои таъмини устувори неруи барқ ба аҳолӣ ва иншооти иҷтимоӣ мебошад.
Қайд гардид, ки ин иншоот ҷузъи муҳими инфрасохтори энергетикӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини мунтазами неруи барқ ба зиёда аз 10 деҳаи ҷамоати деҳоти Дӯстӣ бо беш аз 25 ҳазор аҳолӣ, инчунин ба деҳаҳои Заркорон ва Файзбори Ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр, ки қариб 4 ҳазор аҳолӣ доранд, пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, аз зеристгоҳи барқии контейнерӣ боздид намуда, ҳолати техникии иншоотро аз назар гузарониданд ва оид ба истифодаи дурусту бехатарии таҷҳизоти барқӣ ибрози назар карданд. Зеристгоҳи мазкур бо аломатҳои огоҳкунанда муҷаҳҳаз буда, риояи қатъии меъёрҳои техникиву амниятӣ дар он таъмин гардидааст.
Раиси ноҳия ҷараёни иҷрои корҳоро мавриди таҳлил қарор дода, ба масъулин ҷиҳати риояи стандартҳои сифат, таъмини бехатарӣ ва ба анҷом расонидани саривақтии корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори энергетикӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат буда, татбиқи чунин барномаҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома доранд.