12 январи соли 2026, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар соли 2025 ва вазифагузорӣ барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар қисмати тантанавии маҷлис маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2025” доир гардид, ки бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид сурат гирифт.
Кумитаи тадорукоти озмун эълон намуд, ки дар номинатсияи “МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН” маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сазовори ҷойи якум ва мукофотпулӣ ба маблағи 6000 сомонӣ гардида, дипломи вижаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар вазъияти тантанавӣ муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба Солеҳзода Олимҷони Рустам - раиси ҷамоати шаҳраки Хоҷамастон супориданд.
Ин дастовард самари дастгириҳои пайвастаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид мебошад, ки ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳраки Хоҷамастон, хусусан маҳаллаи Сомониён иқдомҳои зиёдро роҳандозӣ карданд. Бо ташаббуси бевоситаи Раиси ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил гардида, гулҳои ҳамешасабз, дарахтони сояафкан ва чароғҳои ороишӣ харидорӣ ва шинонида шуданд. Инчунин, ӯ шахсан назорат бурда, бо ҷалби муассисаву ташкилотҳо корҳои ободониро ба роҳ монда, ҳар як муассисаро маҳалла ба маҳалла вазифадор намуданд.
Ин ғолибият дар доираи қарори раиси вилояти Хатлон №46 аз 23 феврали соли 2023, дар мавриди баргузор намудани Озмуни вилоятӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
Ҳадафи асосии озмун сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ тавассути вусъат додани корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки замин, ҷалби сармояи соҳибкорон, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ташвиқу тарғиби ваҳдати миллӣ, суннатҳои миллӣ ва таҳкими арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба сокинони маҳаллаи Сомониён барои заҳмати пайваста, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзанда дар ободонии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, пирӯзии онҳо дар сатҳи вилоятиро нишонаи худогоҳию ваҳдат ва заҳмати дастаҷамъона арзёбӣ менамояд.