Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
анҷоми амалҳои хайру савоб дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ, бо ташаббуси Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид, ба 18 нафар ятимони кул туҳфаҳои солинавӣ ва маблағи пулӣ тақдим карда шуд.
Ин иқдоми хайрхоҳона дар фазои идона ва бо иштироки масъулини мақомоти маҳаллӣ сурат гирифта, боиси шодиву рӯҳбаландии ятимон гардид. Ба кӯдакон дастархони идона ороста шуда ба онҳо тӯҳфаҳои хурсандкунанда, аз қабили шириниҳо расонида шуд.
Зимни суханронӣ Раиси ноҳия таъкид дошт, ки ғамхорӣ ба ятимон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор дорад. Ӯ изҳор дошт, ки чунин амалҳои хайру саховат бо ҳадафи дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа минбаъд низ роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Ин иқдом бозгӯи он аст, ки фарзандони ятим дар ҷомеа танҳо нестанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳу дастгирии давлат, ҷомеа ва шахсони саховатманд қарор доранд.
Меҳрубонӣ ба ятимон нишонаи инсондӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавии ҷомеа мебошад.