ПРЕСС-РЕЛИЗ
оид ба фаъолияти
Вазорати саноат ва технологияҳои нави
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалинамоии ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини мунтазами “Солҳои рушди саноат” фаъолият намуда, дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 53,8 млрд сомонӣ расонид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2023-20,0 фоиз ё ба маблағи 7,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Нишондиҳандаҳои рушди соҳаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии ИДМ дар соли 2024 аз ҳисоби фоиз
ҲИССАИ СОҲАҲО ДАР МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ
ДАР СОЛИ 2024
ТАНОСУБИ МИНТАҚАҲО ДАР ТАРКИБИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИИ ҶУМҲУРӢ ДАР СОЛИ 2024
|
Минтақаҳо
|
Истеҳсоли маҳсулот (млн сомонӣ) |
Суръати афзоиш (%) |
Фарқият (+;-) |
Ҳисса бо (%) |
|
|
2024 |
2023 |
||||
|
ҶУМҲУРӢ |
53819,0 |
46316,6 |
120,0 |
7502,4 |
100 |
|
ВилоятиСуғд |
30358,0 |
25773,5 |
120,1 |
4584,5 |
56,4 |
|
Вилояти Хатлон |
12478,1 |
11575,0 |
110,0 |
903,1 |
23,2 |
|
НТҶ |
5013,9 |
4230,1 |
120,8 |
783,8 |
9,3 |
|
Шаҳри Душанбе |
5156,7 |
4204,6 |
125,0 |
952,1 |
9,6 |
|
ВМКБ |
307,3 |
204,5 |
153,1 |
102,8 |
0,6 |
|
Бозхисоби мутамарказ |
505,1 |
328,9 |
153,6 |
176,2 |
0,9 |
Дар соли ҳисоботӣ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,3% ба саноати коркард, 24,8% ба саноати истихроҷ, 18,3% ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво,0,6% ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа рост меояд.
ТАНОСУБИ МИНТАҚАҲО ДАР ТАРКИБИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИИ ҶУМҲУРӢ ДАР СОЛИ 2024
НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ (С, Б, Д, Е) ДАР МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР СОЛИ 2024
|
|
Истеҳсоли маҳсулот (млрд сомонӣ) |
Суръати афзоиш (%) |
Фарқият (±) |
|
|
2024 |
2023 |
|||
|
Ҷумҳурӣ |
53,8 |
46,3 |
120,0 |
7,5 |
|
С. Коркард |
30,3 |
28,3 |
107,6 |
2,0 |
|
B. Истихроҷ |
13,4 |
9,3 |
143,0 |
4,1 |
|
Д. Неруи барқ |
9,9 |
8,5 |
105,7 |
1,4 |
|
Е. Таъминоти об |
0,3 |
0,2 |
134,9 |
0,1 |
4,
Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати коркард нисбат ба соли 2023 (бо нархҳои муқоисавӣ) дар зерсоҳаҳои зерин:
- истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 110,0 фоиз;
- истеҳсоли чарм, маснуот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол 123,8 фоиз;
- истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтикӣ 153,4 фоиз;
- истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 137,3 фоиз;
-истеҳсоли маснуоти резинӣ, пластмасса ва ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 115,7 фоиз;
-истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 113,5 фоизро ташкил додааст.
Дар ҳамин давра афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёда аз 2403 корхонаи саноатӣ ба маблағи зиёда аз 9,8 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст.
ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ ДАР МУҚОИСА
(млн$)
|
январ-декабри 2024 |
январ-декабри 2023 |
|
|
ҲАМАГӢ: |
8955,0 |
8328,9 |
|
СОДИРОТ: |
1947,4 |
2448,8 |
|
ВОРИДОТ: |
7007,6 |
5880,1 |
ШУМОРАИ УМУМИИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
ДАР СОЛИ 2024
Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3774 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешина ба миқдори 330 корхона зиёд мебошад.
Дар ин давра, дар қаламрави кишвар 740 корхонаю коргоҳи нав (528 корхонаи саноатӣ) бунёд гардида, дар маҷмуъ 18193 ҷойи кории нав, аз ҷумла;
- дар ВМКБ 43 корхона бо 138 ҷойи корӣ,
- вилояти Суғд 164 корхона бо 1369 ҷойи корӣ,
- вилояти Хатлон 89 корхона бо 775 ҷойи корӣ,
- НТҶ 91 корхона бо 283 ҷойи корӣ,
-шаҳри Душанбе 141 корхона бо 2550 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст.
Эзоҳ: Аз ҳисоби корхонаҳои нав дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 134,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
ШУМОРАИ КОРХОНАҲОИ НАВТАЪСИС ДАР ТАРҲИ СОҲАҲО СОЛИ 2024
|
Б/т |
СОҲА |
Шумораи корхона |
|
1. |
Соҳаи саноати хӯрокворӣ |
122 |
|
2. |
Соҳаи саноати масолеҳи сохтмон |
140 |
|
3. |
Соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия |
119 |
|
4. |
Соҳаи саноати сабук ва пилла |
98 |
|
5. |
Соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо |
11 |
|
6. |
Соҳаи саноати ангишт |
4 |
|
7. |
Дигар соҳаҳо |
34 |
|
|
Ҳамагӣ: |
528 |
Дар соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 54 корхона, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ-15 корхона, саноати масолеҳи сохтмон-5 корхона, саноати сабук ва пилла-12 корхона, мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия-21 корхона, саноати маъданҳои кӯҳӣ-1 корхона ба истифода дода шудааст.
ҲАҶМИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОЛИ 2024
Дар соли 2024 барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар соҳаҳои саноат 9 млрд 491,9 млн сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд, ки нисбат ба соли 2023 ба маблағи 1 млрд 621 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла:
- дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ба маблағи 960,2 млн сомонӣ;
- дар соҳаи коркард ба маблағи 1 млрд 169 млн сомонӣ;
- дар соҳаи истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об ба маблағи 7 млрд 362,7 млн сомонӣ.
Ҳаҷми сармоя солҳои 2020-2024 бо назардошти саноати истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ (тибқи нақшаи амалиёти Барономаи саноатикунонӣ, млн сомонӣ)
|
СОЛҲО |
Ҳаҷми сармоя тибқи нақшаи амалиёти Барнома |
Иҷро |
Фарқият +,- |
|
2020 |
3102,1 |
5651,4 |
+2549,3 |
|
2021 |
4318,1 |
5639,2 |
+1321,1 |
|
2022 |
3785,3 |
5660,0 |
+1874,7 |
|
2023 |
4125,2 |
7871,0 |
+3745,8 |
|
2024 |
1566,2 |
9491,9 |
+7925,7 |
|
ҲАМАГӢ |
16896,9 |
34313,5 |
+17416,6 |
Дар ин давра шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда 74 корхонаро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 50-то кам шудааст.
Аз 74 корхонаи аз фаъолият бозмонда 59,45% (44 корхона) ба корхонаҳое, ки аз соли 2008 то соли 2018 ва 40,55% (30 корхона) аз соли 2019 то соли 2022 рост меояд.
Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар соҳаҳои саноатии зерин ба қайд гирифта шудаанд:
ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАЮ МУАССИСАҲОИ СОҲАВӢ
СОҲАИ САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ ВА МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО
Корхонаҳои соҳаи саноати маданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шакли пулӣ ба маблағи 18,2 млрд сомонӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 5 млрд сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 137,7%-ро ташкил дод.
Дар ин давра, ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶММ ТАКМ “Анзоб”, ҶДММ “Пакрут”, ҶДММ “ТВЕА ДСК”, ҶММ ТАКМ “Анзоб”, ҶСП «Талко Голд», ҶМ ТК ММ «Апрелевка», ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб», ҶДММ «Назирӣ», НШММ “С.А. Минералс”, А/З “Одина”, ҶДММ “Гули Мурод”, ҶДММ “Шимшо”, ҶДММ “Ганҷинаи Кӯҳсор” ва ҶДММ «Заринк» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2023 барзиёд иҷро намуданд.
Дар моҳи июли соли 2024 дар соҳаи саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи азими заргарӣ, ки бо технологияи ҳозиразамони ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмилалӣ ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” сохта шудааст ба фаъолият оғоз намуд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар шакли ҷавоҳирот ва армуғонҳои гуногун аз металлҳои қиматбаҳо ба монанди тилло ва нуқра ба роҳ монда шавад. Маҳсулоти болозикр дар бозорҳои дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Инчунин, 29-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории саноати куҳӣ-металлургӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносону соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Ҳадафи он, асосан ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат, дастгирии рушди устувори саноат, таҷдид ва тавсеаи робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин фаъолсозӣ, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи саноат нигаронида шудааст. Иштирокчиён изҳор намуданд, ки нахустин Форуми сармоягузории саноати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон чорабинии пешбар дар соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургия буда, майдони фарох ва муассир барои табодули афкор ва таҷрибаи касбии коршиносони соҳа, баррасии дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар соҳаи таҷҳизот ва технологияи истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок маҳсуб мешавад. Дар форум ва намоишгоҳ зиёда аз 200 роҳбарони ширкатҳои бонуфӯзи истихроҷи маъдан ва металлургии Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташаббускорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои таҳиякунанда ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоту технологияҳо барои корхонаҳо ва сармоягузорони байналмилалӣ технологию таҷҳизоти пешрафтаи коркарди маъдан ва навгониҳои маъданро муаррифӣ намуданд.
СОҲАИ САНОАТИ АНГИШТ
Дар ҷамъбасти соли 2024 истихроҷи ангишт аз ҷониби 17 корхона дар 13 кон ба роҳ монда шуда, дар ин давра 2 млн 569,1 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бақияи ангишт ба ҳолати 1 январи соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти солҳои пешин зиёда аз 764,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2024 ба ҳаҷми 520,0 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст. Истихроҷи ангишт нисбат ба соли пешина ба ҳаҷми 485,0 ҳазор тонна зиёд гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 1 млн 201,0 ҳазор тонна 47 фоиз аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 1 млн 368,1 ҳазор тонна ангишт ё 53 фоиз аз тарафи корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст.
Аз ҳаҷми ангишти истихроҷгардида 1 млн 785,0 ҳазор тонна 69 фоиз бо тарзи кушод ва 785,0 ҳазор тонна 31 фоиз бо тарзи зеризаминӣ истихроҷ карда шудааст.
Дар ҳамин давра фурӯши ангишт 2,0 млн тоннаро ташкил дод, аз ҷумла ба ҶСК “МБГ-2”-и ш. Душанбе-951,3 ҳазор тонна (ё 53,5% аз ҳаҷми умумии фурӯши ангишт), корхонаҳои саноатӣ-356,5 ҳазор тонна (17,8%), аҳолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ-444,9 ҳазор тонна (22,2%), муассисаҳои буҷетӣ-68,4 ҳазор тонна (3,4%) ва содирот 186,0 ҳазор тоннаро (6,1%) ташкил дод.
Содироти ангишт дар ҷамъбасти соли 2024 ба ҳаҷми 186,0 ҳаз. тонна ба маблағи 6,5 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2023 ба ҳаҷми 32,4 ҳазор тонна ё ба малағи 1,9 млн доллар зиёд мебошад, аз ҷумла, ба
- Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 117,1 ҳазор тонна зиёд
- Ҷумҳурии ИсломииАфғонистон - 18,1 ҳазор тонна кам
- Ҷумҳурии ИсломииПокистон- 65,8 ҳазор тонна кам.
Дар баробари ин содироти ангишт ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваста афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2023 ба ҳаҷми 117,1 ҳазор тонна зиёд содирот карда шудааст.
СОҲАИ САНОАТИ САБУК ВА ПИЛЛА
Корхонаҳои соҳаи саноати сабук ғайр аз корхонаҳои пахтатозакунӣ дар соли 2024 ба маблағи 3,0 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2023 ба маблағи 261,5 млн сомонӣ зиёд мебошад ва суръати афзоиш 110 фоизро ташкил додааст.
Бинобар бо сабаби кам шудани ҳосили пахта дар соли 2024 корхонаҳои коркарди пахта ба маблағи 1,6 млрд сомонӣ нахи пахта истеҳсол намудаанд, ки нисбат соли 2023 ба миқдори 812 млн сомонӣ кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи саноати сабук 96 корхонаи нав бо 1366 корманд ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 8 корхонаю коргоҳ бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ифтитоҳ қарор дода шудаанд.
Дар ин давра, истеҳсоли нахи пахта 103,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 ҳазор 15,1 ҳазор тонна кам мебошад.
Дар коргоҳҳои бофандагӣ истеҳсоли матои пахтагин 30 млн метри мураббаъро ташкил додааст, ки суръати афзоиш ба 114,6 фоиз баробар шудааст.
Бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то оғози соли хониши 2024-2025 таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ дар ин давра ба 3,0 млн 346,5 дона расонида шуд, ки сурати афзоиш 104,9 фоиз ва 100,6 фоизи нақшаи пешбиншуда таъмин гардидааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки корхонаҳои дӯзандагии кишвар барои таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ бо шуъбаҳо ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳамкории дутарафа ва сетарафаро ба роҳ монда, дар асоси шартнома ва дар муҳлатҳои муайянгардида, талабагонро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин хоҳанд намуд.
Корхонаҳои дӯзандагӣ дар маҷмуъ ба маблағи зиёда аз 469,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар самти амалишавии “Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар давраи ҳисоботӣ 6,3 млн метри мураббаъ қолин истеҳсол карда шуд.
Коркарди пӯсти чорво дар маҷмуъ ба 713,9 ҳазор дона расонида шуда, дар доираи “Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” давоми соли 2024 ба миқдори 361,8 тонна пилла истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2023 ба миқдори 134,5 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 159,4 фоизро ташкил дод. Бояд қайд намуд, ки 80-90 фоизи истеҳсоли пилла аз боду ҳаво вобастагӣ дорад.
Айни замон, дар ҷумҳурӣ 7 корхонаи халтабарорӣ бо таҷҳизоти муосир фаъолият дорад, ки иқтидори онҳо баҳри бо пуррагӣ таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ бо халтаҳои полипропиленӣ асосан барои банду басти семент, шакар, орд, маҳсулоти макаронӣ, хошоки омехта (комбикорм), маъданҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар маҳсулотҳо кофӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 257,1 млн дона халтаҳои полипропиленӣ истеҳсол гардидааст, ки назар ба соли пешина 116,1 фоиз рушд намудааст.
Содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар 272,4 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба воридоти маҳсулоти воридотии соҳа 94,4 млн доллари ИМА зиёд мебошад. Аз хориҷи кишвар асосан рахти хоб, либосворӣ, маҳсулоти гигиенаи шахсии кӯдакона ва занона, ришта ва матоъҳои синтетикӣ, пойафзол ва сумкаҳои гуногун, мебел, қолин ва халтаҳо борпечонӣ ворид карда шудаанд.
Дар соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 корхонаи саноати сабук бо 1839 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи аз ҳисоби ин корхонаҳо маблағи 65,6 млн сомониро ташкил додааст.
СОҲАИ МОШИНСОЗӢ,САНОАТИ МУДОФИА ВА ХИМИЯ
Дар соли 2024 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар маҷмуъ ба маблағи 4518,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба соли пешина 869,7 млн сомонӣ зиёд ва суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 123,8% таъмин гардидааст.
ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар соли 2024 ба маблағи 716,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба соли 2023 ба маблағи 230,2 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 147,3% таъмин карда шудааст.
Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулоти Ширкат дар давраи ҳисоботӣ ба 82,2 ҳазор тонна баробар гардид, ки назар соли 2023 ба миқдори 15,5 ҳазор тонна истеҳсоли алюминий зиёд шуда, суръати афзоиш 123,3 фоиз таъмин гардидааст.
Ҳамагӣ дар соҳааи мазкур 663 корхона ва коргоҳ бо 15162 коргар фаъолият менамояд.
|
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот |
Дар соли 2024 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, якҷо бо ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди алюминии аввалия, профилҳои алюминӣ, профилҳои алюминийи рӯйпӯшкардашуда, маводҳои таркандаи саноатӣ, трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба маблағи 148,7 млн доллари ИМА ба хориҷи кишвар, хусусан ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва давлатҳои Аврупо содирот намуданд, ки назар ба соли 2023 ба маблағи 38,6 млн доллари ИМА зиёд мебошад.
Корхонаҳои коркарди алюминий дар соли 2024, 18860 тонна алюминийро коркард намуданд, ки назар ба нишондиҳандаи соли 2023 ба ҳаҷми 3460 тонна зиёд мебошад. Суръати афзоиши коркарди алюминий дар ин давра 122,5% таъмин гардидааст.
Зиёд гардидани ҳаҷми коркарди алюминий дар ин давра, асосан аз ҳисоби истеҳсолоти ҶДММ «Титан -8888»-и ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳаҷми 1724,5 тонна, ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф»-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 1227,7 тонна, ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ҳаҷми 626,0 тонна ва ҶДММ «Алюмин Проф» дар ҳаҷми 114,7 тонна ба вуҷуд омадааст.
|
Ҳаҷми коркарди алюминии аввалия дар солҳои 2015 то 2024 |
|
(ҳазор тонна) |
|
Эзоҳ: Ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар соли 2024 ба 82,2 ҳазор тонна баробар гардидааст. расонидашудааст. |
Корхонаи саҳми давлатидошта (8 корхона) дар соли 2024 ба маблағи 397,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2023 бо нархҳои амалкунанда 145,7% таъмин карда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо назар ба соли 2023 ба маблағи 124,9 млн сомонӣ зиёд гардидааст.
Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки бо натиҷаи ҷамъбасти соли 2024 суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба соли 2023 дар ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-123,7%, КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»-187,7%, КВД «Садаф»-105,0%, ҶСК «Нилуфар»-167,6%, КВД «Нури Ховар»-220,0%, ҶСК «Чароғ»-130,1%, ҶСК «Тамохуш»-93,5% ва КВД «Коргоҳи мошинасозӣ»-88,1 фоизро ташкил медиҳад.
Нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулот
бо ифодаи пулӣ дар корхонаҳои саҳми давлатидоштаи соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар соли 2024
|
№ т/р |
Номгӯи корхонаҳо |
2024 |
2023 |
%, |
|
1 |
ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» |
149337,3 |
120681,2 |
123,7 |
|
2 |
КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» |
177131,9 |
94362,0 |
187,7 |
|
3 |
КВД «Садаф» |
7440,1 |
7032,0 |
105 |
|
4 |
КВД «Корхонаи машинасозӣ» |
16242,1 |
18428 |
88,1 |
|
5 |
ҶСК «Тамохуш» |
16664,2 |
17823,5 |
93,5 |
|
6 |
КВД «Нури Ховар» |
28600,8 |
13000 |
220 |
|
7 |
ҶСК «Нилуфар» |
1013,9 |
604,8 |
167,6 |
|
8 |
ҶСК «Чароғ» |
1302,5 |
1001,0 |
130,1 |
|
Ҳамагӣ |
397732,8 |
272932,5 |
145,7 |
(бе “Ширкати Алюминийи Тоҷик”) (ҳазор сомонӣ)
Эзоҳ: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саҳми давлатидошта дар соли 2020 – ҳамагӣ 69,5 млн сомониро ташкил медод. Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 271,7 млн сомонӣ расонида шуда суръати афзоиш нисбати соли 2020 391,0% таъмин гардид. Дар соли 2024 аз тарафи корхонаҳо ба маблағи 397,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки баробари 145,7%-и соли 2023 мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саҳми давлатидошта нисбат ба соли 2020 зиёда аз 5,7 маротиба зиёд гардидааст.
ҶСК «Азот»-и шаҳри Левакант оғоз аз моҳи майи соли 2023 ба фаъолияти истеҳсоли шуруъ намудааст.
Ҷамъият дар соли 2024 маҳсулотҳоро, аз қабили карбамид, углекислота, хамираи гумин ва гумати калий ба маблағи 110,9 млн сомонӣ истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2023 ба маблағи 51,8 млн сомонӣ кам мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 6,1 фоиз таъмин гардидааст.
Сабаби кам истеҳсол гардидани ҳаҷми маҳсулот нисбат ба соли пешина, ин дар семоҳаи якуми соли 2024 нарасидани неруи барқ, дар семоҳаи чорум қатъ гардидани интиқоли газ ва пурра ба фурӯш нарафтани маҳсулоти корхона мебошад.
Ба ҳолати 1 январи соли 2025 бақияи маҳсулоти тайёри карбамид дар анбори корхона 42547,7 тонна ба маблағи 156,4 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ айни замон 3 корхона-ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор, ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе ва ҶСП «Новселмаш»-и ноҳияи Спитамен ба истеҳсоли техника ва мошинолоти кишоварзӣ машғул мебошанд.
Корхонаҳои мазкур дар соли 2024 ба маблағи 76,9 млн сомонӣ техника ва мошинолоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки назар ба соли 2023 ба маблағи 20,1 млн сомонӣ кам мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ин корхонаҳо 79,2% таъмин гардидааст.
Дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 248 трактори гуногунтамға ҷамъу васл гардидааст, ки назар ба соли пешина 110 трактор кам мебошад. Назар ба соли 2023 аз тарафи ҶСП «Агротехсервис» 95 трактор ва ҶМСП «ТоҷИрон» 15 трактор кам ҷамъу васл карда шудааст.
Дар соли 2024 дар соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия 663 корхона ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 458 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа саҳмгузорӣ намуданд.
Дар ин давра дар соҳа 139 корхонаи хурду миёна ва соҳибкорони инфиродии соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро назар ба соли 2023 кам намуданд. Ба шумули ин корхонаҳо асосан корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуногуни химиявӣ, фарматсевтӣ, пластикӣ, резинӣ, коркарди металл, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, мошин ва таҷҳизот ва ғайра шомил мебошанд.
Дар соли сипаришуда дар соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия 104 корхона ва коргоҳҳои нав бунёд карда шудааст, ки дар онҳо 801 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Корхона ва коргоҳҳои навтаъсиси соҳа дар соли 2024 ба маблағи 14,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Бақияи маҳсулоти корхонаҳои соҳа ба аввали моҳи октябри соли 2024 тибқи маълумотҳои оморӣ маблағи 1023,1 млн сомониро ташкил додааст, ки он асосан аз ҳисоби бақияи маҳсулоти химиявӣ, фарматсевтӣ, маҳсулоти пластикӣ, металлургӣ, маҳсулотҳои тайёри филизӣ, таҷҳизоти барқӣ, автомобил, мошин ва таҷҳизоти гуногун ба вуҷуд омадааст.
СОҲАИ САНОАТИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОН
Корхонаҳои соҳа дар соли 2024 ба маблағи 4,0 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба нишондоди соли пешина 558,5 млн сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 116,4% таъмин гардид. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 7,3%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра истеҳсоли семент ба 4,3 млн тонна, хишт 221,6 млн дона, хишти сементӣ 85,7 млн дона, гаҷкартон 2,4 млн дона, бомпӯши асбестӣ (шифер) 2,9 млн дона, оҳак 120,4 ҳазор тонна, ранги сохтмонӣ 2,9 ҳазор тонна, қуму шағал 1,9 млн метри мукааб, бетони сохтмонӣ 533,9 ҳазор метри мукааб, тахтасанг 48,5 ҳазор метри мураббаъ, тахтасанги мармарӣ 6,8 ҳазор метри мураббаъ, сангҳои ороишӣ 79,4 ҳазор метри мураббаъ баробар гардид.
Бояд қайд намуд, ки корхонаҳои сементбарорӣ давоми 7 соли охир талаботи бозори дохилиро пурра таъмин намуда, дар баробари ин ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя маҳсулот содирот низ менамоянд.
Истеҳсоли семент солҳои 2017-2024
(млн тонна)
Ҳиссаи корхонаҳои сементбарорӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 65%-ро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли семент ба 4,3 млн тонна расида, аз ин миқдор 655,9 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 260,2 ҳазор тонна ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 393,7 ҳазор тонна ба маблағи 26,5 млн доллари ИМА содирот гардидааст, ки нисбат ба нишондоди соли пешина 285,0 ҳазор тонна кам мебошад. Ҳаҷми сементи содиротшуда 15,0% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгардидаро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки давоми соли 2024 аз ҷониби корхонаи нави сементбарории ҶСП “Тоҷиксемент” ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 44,4 ҳазор тонна семент ба маблағи 23,1 млн сомонӣ содирот гардидааст.
Содироти семент солҳои 2017-2024
(млн тонна)
Афзалиятҳои сиёсати саноатии кишвар дар раванди саноатикунонии босуръат, барои рушди иқтисодиёт авалиндараҷа ба шумор рафта, давоми соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чандин корхонаҳои нави масолеҳи сохтмонӣ бо ҷалби сармояи зиёда аз 160,0 млн сомонӣ бо 350 ҷойи кории нав мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, корхонаи коркарди санг дар шаҳри Хоруғ, корхонаҳои истеҳсоли армстронг ва гаҷкартон дар ноҳия Ёвон, корхонаҳои истеҳсоли хишт дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода, корхонаҳои коркарди шиша ва ранги сохтмонӣ дар шаҳри Левакант.
Дар ин раванд, ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамчун маҳсулотҳои ивази воридот дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли кошинҳои ороишӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ 40 млн доллари ИМА, аз ҷониби ҶСП “Сантайлс” дар нимсолаи якуми соли 2025 ба истифода дода мешавад.
CОҲАИ САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ
Саноати хӯрокворӣ рушди устувор ва мунтазами худро тавассути бунёди корхонаҳои муосир идома дода, дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ба 11 миллиарду 445,7 миллион сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод дар қиёс ба соли 2023 дар сатҳи 110,0% ва ё ба маблағи 1 миллиарду 40,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 21,3%-и маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ
дар солҳои 2018–2024
млрд сомонӣ
Танҳо дар соли 2024 дар саноати хӯрокворӣ ҷиҳати афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ 120 корхонаи саноатӣ бо 616 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуда, зиёда аз 12 истеҳсолоти навбунёд ба монанди корхонаҳои истеҳсоли гӯшти мурғи “Назар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коргоҳи истеҳсоли консерваи моҳии шаҳри Гулистон, корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи “Сирдарё”-и шаҳри Хуҷанд, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии “Нонпаз”-и шаҳри Душанбе, корхонаи истеҳсоли равғани растании “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ”-и шаҳри Норак, коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва маҳсулоти ҳасибии “Сайҳун”-и шаҳри Хуҷанд, корхонаи бандубасти меваи хушки “Неруи Канд”-и шаҳри Конибодом, корхонаи истеҳсоли меваи хушки “Неъматҳои Рушон”-и ноҳияи Рушон, корхонаи истеҳсоли равғани ангати “Гулчеҳра-80”-и ноҳияи Ишкошим, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии “Панҷ”-и шаҳри Хоруғ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии “Шоҳасар”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои “АРК саноат”-и шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Айни замон дар саноати хӯрокворӣ зиёда аз 800 корхона фаъолият намуда истодаанд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардуми ҷумҳурӣ саҳми назаррас доранд.
Бояд қайд кард, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар соли 2024 асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли консерваи меваю сабзавот 118,2%, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 120,1%, оби маъданӣ 112,0%, маҳсулоти макаронӣ 112,0%, меваи хушк 127,8%, маҳсулоти қаннодӣ 161,7%, гӯшт 107,0%, орди гандумӣ 110,7%, нон ва маҳсулоти нонӣ 102,1%, биринҷ 107,4%, ҳасиб 104,3%, равғани растанӣ 101,3% ва папиросу сигарет1,8 баробар ба вуҷуд омадааст.
Бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсол сатҳи таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ки ҳадафи асосии саноати хӯрокворӣ мебошад мунтазам афзоиш ёфта, дар соли соли 2024 ҳиссаи нӯшокиҳои ташнашикан 92,3%, гӯшт 90,0%, орд 89,0%, маҳсулоти ширӣ 66,3%, маҳсулоти қаннодӣ 55,0%, маҳсулоти макаронӣ 54,1% ва равғани растанӣ 21,1%-ро ташкил дод.
Бо таъсиси истеҳсолоти нав мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин ба давлатҳои Амрико ва Аврупо мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Содироти маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ дар солҳои 2018 – 2024
млн $
Агар дар соли 2023 ба маблағи 51,0 миллион доллари ИМА маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот шуда бошад, пас дар соли 2024 ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Қазоқистон, Россия, Туркия, Олмон, Хитой, Ӯзбекистон ва Гурҷистон ба маблағи 55,1 миллион доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2023 108,0% ё ба маблағи 4,1 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.
Дар соли 2024 дар ҳаҷми 31,3 ҳазор тонна меваи хушк, 36,6 ҳазор тонна нӯшокиҳои гайриспиртӣ, 6,3 ҳазор тонна боқимондаҳои саноати хӯрокворӣ, 692,5 тонна намак, 4,1 ҳазор тонна консерваҳои меваю сабзавот, 414,0 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 603,4 тонна желатин ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
МУАССИСАҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМӢ
Дар зертобеияти Вазорат панҷ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ-Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон, Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова, ду муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ–Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Ғизо”ва Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Саноат” ва ду муассисаҳои типпи нав, аз ҷумла литсейи инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва литсейи инноватсионии назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳисоботӣ теъдоди умумии донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 10239 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла раванди таълим дар 20 факултет аз рӯи 175 ихтисос (аз ин 105 ихтисос саноатӣ) ва 46 кафедра ба роҳ монда шудааст, ки дар он 1252 нафар устодони ботаҷриба ва кормандон кору фаъолият доранд, аз миёни онҳо 46 нафар доктори илм, 2221 нафар номзади илм дарс меомӯзанд ва бакорҳои илмӣ–тадқиқотӣ машғуланд.
Ҷиҳати алоқамандии илм бо истеҳсолот дар назди корхонаҳои саноатии кишвар 46 филиали кафедраҳои муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорат таъсис дода шудааст, аз ҷумла;
– Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон – 16 филиали кафедра;
– Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии дар ш. Кӯлоб -15 филиали кафедра;
– Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии дар ш. Бӯстон – 9 филиали кафедра;
– Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш.Исфара-3 филиали кафедра;
Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова–3 филиали кафедра таъсис дода шудааст.
ДАСТОВАРДҲОИ МУҲИМТАРИНИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМИИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаҳои илмию таълимии зертобеи Вазорат бо зиёда аз 237 муассисаи илмию таълимии берун аз кишвар шартнома бастаанд, аз ҷумла дар соли 2024-2025 бо Донишгоҳии идоракунии “ТИСБИ”-и Русия, Донишкадаи давлатии фарҳангии Қазони Русия, Донишгоҳи химия-технологияи Русия ба номи Д.И.Менделеев, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносови Русия, Донишгоҳи давлатии техникии Уляновски Русия, Маркази рушди лоиҳаҳои технологияҳои нави саноатӣ ва Донишгоҳи Йенгнами Ҷумҳурии Корея, Донишгоҳи технологияи маводи хӯрокаи Москва, Донишгоҳи давлатии тиббии Кемероваи Русия, Донишгоҳи давлатии Новгороди Русия, Донишгоҳи давлатии аграрии Кубан ба номи И. Т. Трубилинаи Русия ва ғайраҳо мебошад.
Дар соли ҳисоботии 2024 аз тарафи кормандони Пажуҳишгоҳи илмӣ–тадқиқотии “Ғизо” 3 монография, 1 патент, 1 тавсиянома ва 7 мақола дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар ба табъ расидааст.
Инчунин, вобаста ба ташфиқу тарғиби бехатарии ғизо аз тарафи кормандони Пажӯҳишгоҳ оид ба “Ғизои солим ва бехатарии маҳсулотҳои ғизоӣ”, Хусусияти ғизоии меваю сабзавот, “Рустаниҳои шифоӣ”, “Фарбеҳӣ” тавассути телевизиони Тоҷикистон, Илм ва табиат ва Пойтахт миззи мудавар баргузор карда шудааст.
Роҳбарияти Вазорат бафаъолияти ҳамарӯзаи муассисаҳои илмию таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати густариши ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу маърифати касбии устодону омӯзгорон, ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ, инчунин дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи саноат дар оянда низ чораҷӯӣ менамояд.
ФАРМОН ВА ҚАРОРҲО ҶИҲАТИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022, №309 дар бораи“Солҳои рушди саноат”эълон намудани солҳои 2022-2026.
“Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат».
Бо мақсади амалинамоии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар 7 барнома ва косепсияи рушди соҳаҳои мухталифи саноат таҳия шуда, айни замон мавриди амал қарор доранд, аз ҷумла;
ФОРУМ, ВОХӮРӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак бо ширкату созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳо дар самти, вориди технологияҳои муосир, истеҳсоли панелҳои офтобӣ, тамоку, масолеҳи сохтмонӣ, коркарди пурраи нахи пахта, тайёр намудани кадрҳои соҳаҳои саноат бо истифода аз моделҳои таҳсилоти муҳандисии хориҷӣ ва дигар самтҳои таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои кории нав Вазорат лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ таҳия ва ба шарикони рушд пешниҳод намуда истодааст.
Бинобар ин, Вазорат дар ин давра дар доираи сафарҳои сатҳи баланд барои пайдо намудани шарикон ва ҷалби сармоя ба саноати кишвар 12 ҳуҷҷат дар соҳаи саноат ба имзо расонидааст:
Дар давраи ҳисоботӣ ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва Чин баргузор гардид, ки дар протоколи онҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат ворид карда шуд.
Вазорат ва корхонаву муассисаҳои зерсохтори он дар форумҳои сармоягузорӣ, ки бо Ӯзбекистон, Туркия, Италия, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Чин ва Тотористон баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуданд. Дар чорабиниҳои мазкур санадҳои зиёди ҳамкории байни корхонаю муассисаҳои саноатии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба имзо расонида шуданд
Бояд қайд кард, ки дар доираи форумҳои мазкур панели алоҳида дар мавзӯи “Имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат”бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”баргузор карда шуд.
Инчунин, ҳайати кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “ИННОПРОМ-2024”, ки 8-10 июли соли 2024 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Солҳои рушди саноат” ва ба ин васила амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” дуюм маротиба гӯшаи намоишии маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ дар тарҳи муосир дар Намоишгоҳи “ИННОПРОМ-2024” ташкил карда шуд.
Дар моҳи октябри соли 2024 аз ҷониби Вазорат дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории саноати куҳӣ-металлургӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 400 нафар намояндагони давлатҳо ва ширкатҳои бузургӣ хориҷӣ иштирок карданд.
Дар Форум роҳбарони 10 вазорату идораҳои бахши саноатии кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз ҷумла аз Озарбойҷон, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон, Хитой, Кирғизистон, Россия, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат доштанд,.
Дар ин чорабинӣ намояндагони 260 ширкати байналмиллалӣ, ки ба сармоягузорӣ, таҳвили технологияю таҷҳизот ва хизматрасонӣ машғуланд, ширкат доштанд.
Ҳамчунин, дар моҳи ноябри соли 2024 сафари кории ҳайати иқтисодии кишвар бо иштироки вазири саноат ва технологияҳои нав ба Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Таиланд анҷом дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки чунин сафар бори аввал ба кишварҳои минтақа ба хотири таъсиси механизми нави ҳамкорӣ роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он тақвияти робитаҳои иқтисодии кишвар ва муаррифии фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахшҳои хусусии кишварҳои мазкур дониста мешавад.
Дар чорабиниҳо ва сафарҳои зикргардида санадҳои зиёди ҳамкорӣ байни корхонаю муассисаҳои саноатии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба имзо расонида шуданд, ки амалигардонии нақшаи чорабинии онҳо дар ҳолати мувофиқасозии тарафайн қарор дорад.
Дар соли ҳисоботӣ намояндагони Вазорат дар зиёда аз 14 ҷаласаи коршиносон ва гурӯҳҳои кории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои соҳаи саноат ва технологияҳо корҳои зарурӣ анҷом дод.
Боиси зикр аст, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2012 Шӯрои сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори ИДМ амал мекунад, ки узвиятро дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири саноат ва технологияҳои нав ба зимма доранд. 8 июли соли 2024 дар шаҳри Екатеринбург дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии “ИННОПРОМ” ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур доир гардида, дар рафти он 10 масъалаи танзимкунандаи соҳаи саноат ва технологияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни ҷаласа аъзои Шӯро лоиҳаи Созишномаи аз ҷониби Тоҷикистон таҳиягардидаро оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи рушди саноати мошинсозии вазнин маъқул дониста, тасмим гирифтанд, ки он тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод карда шавад.
Дар соли 2025 Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Раёсатро дар Шӯрои сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори ИДМ ба уҳда гирифта, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шӯроро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст. Дар он иштироки 10 вазири саноати кишварҳои ИДМ дар назар дошта шудааст. Вобаста ба ин, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯро аз ҷониби Вазорат таҳия гардида, аз ҷониби вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2024 тасдиқ карда шудааст.
Пешбинӣ шудааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи болозикр, инчунин ҷаласаи нахустини вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронида шавад.
Амалишавии самтҳои зикршуда метавонад таъсири мусбии худро ба иқтисодиёти кишвар расонида, боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ–саноатикунонии босуръати кишвар гардад.