23 июни соли равон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73 “Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026–2030” чорабинӣ баргузор гардид.[1]
Дар чорабинӣ мушовири вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Хол, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дамдорзода Парвиз Ашур, прокурори ҳамин марказ Ҷамшедзода Зокирҷон Ҷамшед, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои зерсохтори соҳа иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро мушовири вазири саноат ва технологияҳои нав Қурбон Хол ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026–2030 тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон дар доираи амалишавии Стратегия дар байни кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва зерсохторҳои он чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста баргузор карда мешаванд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳушёрии сиёсии кормандон равона гардидаанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар доираи татбиқи Стратегия ҳамоҳангсозии фаъолият бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ таъмин карда мешавад. Бо ин мақсад нақшаҳои чорабиниҳои мушаххас таҳия гардида, иҷрои саривақтии онҳо дар сатҳи дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои зерсохтори соҳа мунтазам зери назорат қарор дода мешавад.
Дар ҷараёни чорабинӣ қайд карда шуд, ки Стратегияи мазкур ҳадафи асосии ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти ҷамъиятиро тавассути таъсиси низоми муассири ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои экстремизму терроризм дунбол менамояд. Ҳуҷҷат самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро, аз ҷумла пешгирии барвақтии экстремизм дар оила, мактаб ва ҷомеа, муқовимат ба истифодаи Интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ, инчунин муқовимат ба усулҳои муосири маблағгузории терроризм муайян менамояд.
Таъкид гардид, ки татбиқи Стратегия дар се марҳила — солҳои 2026–2030, 2031–2035 ва 2036–2040 пешбинӣ шудааст ва марҳилаи аввал фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқ, таҳияи барномаву нақшаҳои идоравӣ ва ташкили гурӯҳҳои кориро дар бар мегирад. Мутобиқи қарор, мақомоту идораҳо вазифадоранд, ки ҳамасола то 15 январ дар бораи корҳои анҷомдодашуда ба Прокуратураи генералӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки барои пешгирии экстремизм ва терроризм ҳамаи сохторҳо ва шаҳрвандонро зарур аст, ки дар татбиқи саривақтии барномаву стратегияҳои давлатӣ саҳмгузор бошанд ва барои таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлоли давлатӣ, амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ талош намоянд.
Баъдан, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дамдорзода Парвиз Ашур ва прокурори ҳамин марказ Ҷамшедзода Зокирҷон Ҷамшед доир ба масъалаи мазкур суханронӣ намуданд.
Дар баромади худ Дамдорзода Парвиз Ашур моҳият, ҳадаф ва вазифаҳои афзалиятноки Стратегияро муфассал шарҳ дода, қайд намуд, ки экстремизм ва терроризм аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ, суботи ҷамъиятӣ ва рушди устувори давлат маҳсуб меёбанд, бинобар ин пешгирии онҳо вазифаи муштараки тамоми мақомоту идораҳои давлатӣ ва ҳар як шаҳрванд мебошад. Мавсуф ба аҳаммияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои муосири иттилоотӣ дар таблиғу ташвиқот таъкид намуд.
Прокурори ҳамин марказ Ҷамшедзода Зокирҷон Ҷамшед доир ба ҷанбаҳои амалӣ ва ҳуқуқии татбиқи Нақшаи чорабиниҳои солҳои 2026–2030 маълумоти иловагӣ пешниҳод намуда, ба зарурати ҳушёрии сиёсӣ, ватандӯстӣ ва саҳмгузории фаъолонаи кормандон дар амалисозии чорабиниҳои пешбинишуда таъкид кард.
Дар рафти муҳокима кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва намояндагони муассисаҳои зерсохтори соҳа оид ба роҳу усулҳои самараноки татбиқи муқаррароти Стратегия дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ андешаронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки баргузории мунтазами чунин вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ ба баланд бардоштани огоҳии кормандон, мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ ва пешгирии саривақтии падидаҳои номатлуб мусоидат менамояд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғу ташвиқот дар доираи Стратегия изҳори сипосу миннатдорӣ карда шуда, омодагии Вазорат барои идомаи ҳамкории судманди байниидоравӣ дар самти пешгирии экстремизму терроризм таъкид гардид.