Санаи 05 майи соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ семинари илмӣ-амалии минтақавии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ дар мавзӯи «Бозори агроозуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолати кунунӣ ва роҳҳои ташаккул» баргузор гардид.
Семинари мазкур тибқи нақшаи баргузории семинарҳои илмӣ-амалӣ минтақавӣ дар муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 31.12.2025, №2 бо иштироки олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва деҳқонони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити геополитикии баамаломада, таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои стратегии худ меҳисобад. Зеро, масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаест, ки аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, таъкид менамояд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар ин самт аз заҳмати содиқона ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда вобастагии калон дорад. «... итминон дорам, ки бо дарназардошти шароити ногувор кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самараноки замин имкониятҳо, аз ҷумла обу замин, ҳосили фаровон мерӯёнанд ва амнияти озуқавории кишварро беҳтар таъмин менамоянд».
Дар шароити ташаккули муносибатҳои бозорӣ зарур аст, ки давлат истеҳсоли маҳсулоти озуқавориро дар сатҳе ба роҳ монад, ки талаботи ҳадди ақали аҳолӣ, ки аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардидааст, пурра қонеъ карда шавад. Зеро зиёд гардидани вобастагӣ аз воридоти молу маҳсулот, бахусус воридоти ғайриқонунӣ, метавонад ба заиф гардидани устувории бозори дохилии кишоварзӣ оварда расонад ва дар натиҷа ба рушди соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ гузорад.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён ҷиҳати беҳтар таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти тару тоза ва коркардшудаи ватанӣ дар бозори агроозуқаворӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз хориҷ, инчунин рушди минбаъдаи бозори агроозуқавории мамлакат, пешниҳодҳои мушаххас оид ба такмил ва ташаккули истеҳсолоти кишоварзӣ ироа намуданд.
Семинари илмӣ-амалии минтақавӣ вазъи кунунии бозори маҳсулоти агроозуқавориро дар шароити муносибатҳои нави иқтисодӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои зеринро муҳим ва самарабахш арзёбӣ менамояд ва роҳҳои рушди минбаъдаи онро пешниҳод месозад.