МОДАР – ЧАРОҒИ ХОНАДОН ВА САРЧАШМАИ МУҲАББАТ
6 марти соли ҷорӣ таҳти ҳамин унвон дар толори маҷлисгоҳи Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабиниро Директори Институт муҳтарам Пиризода Ҷалил бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, бонувонро ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ самимона шодбош гуфтанд. Директори Институт зимни суханронии худ ба мақоми волои зан-модар арҷ гузошта, таъкид доштанд, ки Модар ягона мавҷудотест, ки меҳру муҳаббаташ беҳамто ва панду насиҳатҳояш роҳнамои ҳамешагии зиндагии мост. Ӯ на танҳо сарчашмаи ҳаёт ва рамзи садоқату покӣ, балки нахустустоди инсоният ва тарбиятгари насли худшиносу ватандӯст мебошад. Нақши модари тоҷик дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва забони модарӣ дар ҳама давру замонҳо беназир хисобида шуда, боиси ифтихор аст.
Дар идомаи чорабинӣ Мудири шуъбаи омузиши равандҳои кластеркунони дар комплекси агросаноатӣ н.и.и., Мирзон Некрӯз бо нутқи пурҷозиба дар васфи олиҳаи ҳусну латофат — Модар, суханронӣ намуда, доир ба нақши бузурги зан дар ташаккули ҷомеа андешаронӣ карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, ҷиҳати арҷгузорӣ ба фаъолияти пурсамар, дастовардҳои корӣ ва хизматҳои содиқона, занону бонувони Институт аз ҷониби роҳбарият бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.