Cанаи 31 январи соли 2026 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Муассисиаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосимӣ Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе "Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ" баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ ҳамаи дастранҷи марди деҳқон, ҳамагуна олотҳои кории кишоварзӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳою навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, навъҳои техникаю мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, оҳангариву гаҷкорӣ, дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯрпарварӣ, намоиши таъомҳои миллии ба ҷашн хос ва ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, кулолгариву табақтарошӣ ва дигар дастовардҳое, ки ифодагари Ҷашни Сада мебошад, пешкаши меҳмонон ва сокинони Пойтахт гардонида шуда,