Тибқи талаботи боби 4, банди 29 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иқтисоди аграрӣ” - и Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки Одиназода Шоҳин Талбак - муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва аъзоёни ҳизб маҷлиси умумӣ багузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин:
мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар идома, Одиназода Шоҳин Талбак - муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз аъзоёни ҳизб даъват ба амал овард, ки корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилоти ибтидоӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби босифати аъзои ҳизб, назорати ҳаракати аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешанд.