Санаи 14 апрели соли ҷори кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ барои гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ дар доираи шартномаҳои ҳамкори байни муассиса ва хоҷагиҳои дехқониву фермери дар як қатор хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор сафари кори доштанд. Дар рафти…
Санаи 14 апрели соли ҷори кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ барои гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ дар доираи шартномаҳои ҳамкори байни муассиса ва хоҷагиҳои дехқониву фермери дар як қатор хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор сафари кори доштанд. Дар рафти сафари корӣ аз майдони кишти зироатҳои гандум шоҳиди он гардиданд, ки дар қисман ҷойҳо ҳашароти зараррасони шулук пайдо шуда ба зироат зарар мерасонид.
Бинобар ин барои зиёд нашудани сатҳи зараррасони бо истифода аз заҳрдоруи конфидор бо меъёри 0,5-0,7л/га бо 200л маҳлули кори ҷойҳои зарардида коркард карда шуд. Инчунин дар рафти сафари кори дар хоҷагии мазкур кишти зироати ҷуворимака бо истифода аз тухмиҳои навъҳои ватани : Басири ва Шуҳрат гузаронида шуд.