Кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ моҳи апрели соли ҷори барои гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ дар доираи шартномаҳои ҳамкори байни муассиса ва хоҷагиҳои деҳкониву фермери аз рӯи ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ дар як қатор…
Кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ моҳи апрели соли ҷори барои гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ дар доираи шартномаҳои ҳамкори байни муассиса ва хоҷагиҳои деҳкониву фермери аз рӯи ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ дар як қатор хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор сафари кори доштан.
Мушоҳидаҳои илмӣ дар хоҷагиҳои "Зироаткор" "Зарнисор" ва хоҷагии давлатии "Латиф Мурод" гузаронида шуд.То ҳолати кунуни кишти зироатҳои ғаллагиҳо дар ҳолати хуби фитосанитари қарор дошта ягон касалу хашаротҳои зараррасон дида намешуд. Лекин бинобар сабаби боронҳои пайдар пай пайдошудани касалу ҳашаротҳои зараррасон дар назар аст. Аз ин лиҳоз аз тарафи олимони Институти ҳифзи растаниҳо тавсияҳои илмӣ пешниҳод карда шуд.
Истифода пестисидҳои: Меткиллер 0,3-0,5л/га.Карат 0,5л/га.Фастак 0,5-0,7л/га бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва фугисидҳои Скор 0.25кг/га. Фоликур 1-1,2л/га дар 250-300 л маҳлули кори Бар зидди касалиҳои зироатҳои кишоварзи.