Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – маърифатӣ таҳти унвони «35-соли Истиқлол: роҳи ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ифтитоҳ намуда, вобаста ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар андешаронӣ намуданд.
Дар идома узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Абдуҷабор Раҳмонзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, қайд намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, рушди маорифу фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум имкониятҳои васеъ фароҳам омадааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бо эҳсоси баланди масъулият, меҳнати содиқона ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ метавонад барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорад.