Санаи 14 августи соли 2026 тибқи нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи «Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо” дар минтақаи Рашт баргузор гардид.
Конференсияи мазкур дар доираи «Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 қабул гардидааст, роҳандозӣ шуд.
Дар конференсияи мазкур сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, раисони ноҳияҳо, ташкилотҳо ва дигар масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои минтақаи Рашт иштирок намуданд.
Конференсияи минтақавӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, мушкилоти ҷойдошта ва роҳои бартараф намудани он, баргузор гардид.
Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, қайд карда шуд, ки баргузории конференсияи мазкур барои рушди минбаъдаи соҳа, инчунин баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои минтақаи Рашт басо арзишманд мебошад.