Санаи 24 июни соли 2026 тибқи Нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” бо масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи онҳо” оғоз гардид.з
Зикр гардид, ки семинари омӯзишӣ барои кормандони мақомоти болозикр давоми як рӯз санаи 24 июни соли 2026 идома ёфта, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён вобаста ба мавзӯҳои мубрами соҳа дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот машғулият гузаронидаанд.
Ҳадафҳои асосии семинари мазкур баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, такмили малакаҳои амалии кормандони масъул ва тақвияти тадбирҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад. Дар рафти семинари омӯзиши иштирокчиён бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, тартиби коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти маҳдуд ва чораҳои пешгирии ҳолатҳои вайрон намудани низоми махфият шинос гардида, мушкилоти мавҷуда ва пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.