Тибқи нақшаи кории Саридора ва нақшаи чорабиҳои амалисозии “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2026” бо иштироки масъулони мақоми низоми махфияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳо дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд санаи 09 июни соли 2026 курси сайёри омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар вилояти Суғд: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳали он” баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории чорабинии болозикр ин баланд бардоштани дониши масъулони мақомот давлатӣ ва ташкилотҳо, дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, ҳамзамон ба таваҷҷуҳи ҷиддии онҳо расонидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва масъулият мебошад.
Дар рафти курс иштирокчиён оид ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сирри давлатӣ, тартиби истифода ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти маҳдуд, инчунин чораҳои техникии муҳофизати иттилоот маълумоти муфассал гирифтанд. Вобаста ба ин ба иштирокчиён тавсияҳои амалӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва такмили фаъолияти корӣ аз ҷониби мутахасиссиони соҳа пешниҳод карда шуданд.