Ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” санаи 2 июни соли 2026 дар дастгоҳи марказии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар мавзӯи “Баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” бо иштироки намояндаи дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромова Зилола мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини сардори Саридора оғоз намуда қайд намуд, ки ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи демократӣ ва ҳуқукбкнёд ба ҳисоб рафта, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронӣ қайд намуд, ки бо мақсади таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон қабул гардидааст.