Ҳукумати электронӣ яке аз қисми асосии иттилоот буда, ки айни замон дар авҷи ташаккулӣ умумиҷаҳонӣ қарор дорад. Дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки фазои шабакаҳои интернетӣ воситаи муҳими иттилооот гардидааст, масъалаи гузариш ба низоми ҳукумати электронӣ аз ҳар ҷиҳат аҳамиятнок менамояд. Дар радифи таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ соли 2003 замина гузошта, барои омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ ва дигар соҳаҳо дар ин самт тасмими ҷиддӣ гирифта, то имрӯз аз ҳисоби кадрҳои баландихтиссоси соҳа шабакаи ягонаи давлатиро байни мақомотҳои давлатӣ дар ҷодаи гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳо таъсис додааст.
Мисоли равшани он фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»», ки соли 2003 ба тасвиб расида буд, инчунин таҳияи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» аз 31 майи соли 2012, Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 аз 29 декабри соли 2012, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ» аз 17 октябри соли 2016, «Дар бораи Тартиби нигоҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъул» аз 8 июни соли 2017 ва «Дар бораи Қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо» аз 24 июли соли 2020, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 апрели соли 2021; Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 26 октябри соли 2021, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» аз 15 марти соли 2023, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, инчунин ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба чандин қонунҳои амалкунанда вобаста ба амалигардонии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва мубодилаю дастрас намудани иттилоот тариқи электронӣ, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 “Дар бораи солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2025, №АП-815 тасдиқ гардидаанд ба шумор меравад.
Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонӣ ва риояи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии болозикр дар самти гузариш ба низоми ягонаи ҳукумати электронӣ тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувории низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳуҷҷатнигории электрониро дар мадди аввал гузошта, ҷиҳати ҳамгироии электронии иттилоотӣ байни вазорату идораҳо низоми ягонаи ҳамгироии электронӣ (Edo.egov.tj) аз 31 декабри соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, барои ҳар як корманди Саридора ҳуҷраи шахсии электронӣ омода ва тибқи низоми мазкур вазъи коргузорӣ, гардиши ҳуҷҷатҳо назорат ва иҷро карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки аз давраи пайваст гардидан ба ҳукумати электронӣ байни вазорату идораҳо ва мақомотҳои ҳудудии Саридора ба санаи 8 майи соли 2026 тариқи низоми мазкур 864 ҳуҷҷат ворид гардида, 576 ҳуҷҷат аз Саридора содирот шудааст. Инчунин миёни воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ гардиши ҳуҷҷатҳои дохилиидоравӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз ҷониби масъули Раёсати ташкили коргузорӣ, назорат ва кор бо кадрҳо ҷиҳати сифатнок ва шаффоф арзёбӣ гардидани ҳуҷҷатҳоро назорат ва таъмин менамояд.
Ҳамзамон, дар сомонаи расмии Саридора дар портали ягонаи ҳукуматӣ (WWW.ehukumat.tj) ворид гардида, ҳамарӯза аз ҷониби масъули сомона ба он маводҳои хабарӣ ва соҳавӣ ворид карда мешаванд. Дар ин давра 76 гузориши соҳавӣ аз рафти баргузории чорабиниҳои дохилиидоравӣ ва ҷумҳуриявӣ дар сомонаи порталии ягонаи Саридора инъикос гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки вобаста ба амалигардонии соҳаи ҳукумати электронӣ дар Саридора воҳиди махсуси ҳифзи техникӣ, яъне Раёсати бозрасии давлатии ҳифзи техникии иттилоот фаъолият менамояд, ки муносибатҳоро дар самти нигоҳдорӣ, истифода ва назорати инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба танзим медарорад. Кормандони Раёсат пайваста ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” чораҷўйӣ намуда, иҷрои онҳоро сари вақт таъмин менамояд.
Дар баробари ташкили низоми электронии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Шуъбаи молия ва хоҷагии Саридора вобаста ба амалигардонии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиро ба тавсиб расонида, вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори он Саридора бо КВД БА ҶТ “Амонатбонк” шартномаи тарафайн оид ба ташкил кардани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути QR–рамз ба имзо расонида, пардохти музди меҳнати кормандон, пардохти ҷаримаҳо, хизматрасониҳои ёрии амалӣ, семинарҳо ва дигар хизматрасониҳои давлатиро ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда, дар баробари таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия, хароҷоти зиёдатии маводҳои хатнависӣ дар заминаи рушди техникаву технология тадбирҳои заруриро андешида хизматрасониҳои муздноки давлатиро тариқи шартнома бо шаҳсони ҳуқуқӣ ба роҳ монда, феҳристи номгӯи хизматрасониҳои муздноки давлатии соҳавии Саридора таҳия ва дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.10.2022 тасдиқ карда шуда, дар бахши алоҳидаи сомонаи расмии Саридора (https://www.hsd.tj) ҷойгир намудааст.
Дар ин росто, ҳайати роҳбарият ва кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳамаҷонибаи ташаккулӣ сиёсати ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ, рушди ҳамарӯзаи зеҳни сунъӣ, марҳилаи нави рушдёбандаи низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, гузариш ба технологияи саноату иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдори намуда, пайваста талабгори мусоидат мебошанд.
Ҳамин тавр, гузариш ба ҳукумати электронӣ бояд ҳамчун яке аз аслҳои давлати иҷтимоӣ ва воситаи муносиби таъмини қонунмандии асосҳои давлати муосир қадр карда шаванд. Зеро татбиқи ҳукумати электронӣ монеаҳои муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро сифатан ва миқдоран паст намуда, сатҳи пешрафт ва дараҷаи тараққиётро дар ҳар як давлат баланд мебардорад.
Мутахассиси пешбари Шуъбаи молия ва хоҷагии Саридора
Намоззода Хуршед Таваралӣ