Дар заминаи дастгириву таваҷҷуҳи пайваста ва пайгирӣ аз сиёсати дурандешонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ санаи 14 ва 15 майи соли 2026 бо ҷалби кормандони дастгоҳи марказӣ, мақомоти ҳудудӣ ва КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”- и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои назариявӣ сафарбарӣ ва амалии тайёрии оташнишонӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур давоми ду рӯз доир гардида, дар рӯзи аввал мутахассисони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатиро бо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо силоҳ дар вақти машғулияти амалӣ шинос намуданд.
Сипас, ҳайати шахсии ҷалбгардида ба машғулиятҳои амалии санҷишӣ ба тамрингоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, дар нуқтаҳои таълимии муайянгардида бо истифода аз якчанд намуди силоҳи оташфишон тирпарронӣ доир намуданд.
Дар идома кормандондони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз намоиши яроқу аслиҳа ва машғулиятҳои тактикӣ омоданамудаи сарбозони Вазорати мудофиаи дидан намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои ҳарбии кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа доир гардид.
Баргузории машғулияти омодагии ҷангӣ омили муҳими таҳкими қобилияти мудофиавии давлат мебошад. Омодагии хуби ҳайати шахсӣ метавонад барои иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеа саҳми назаррас гузорад.