Дар асри рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва ҷаҳонишавии равандҳо, масъалаи ҳифзи сирри давлатӣ аҳамияти хоса касб намудааст. Имрӯз ҳар як давлат, новобаста аз сатҳи рушди иқтисодӣ ва сиёсӣ, ба масъалаи амнияти иттилоотӣ ҳамчун омили калидии субот ва истиқлолият таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин замина, хизматрасониҳои давлатӣ на танҳо воситаи қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шаҳрвандон, балки як абзори муҳими таъмини низоми ягонаи ҳифзи сирри давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Хизматрасониҳои давлатӣ маҷмӯи чорабиниҳо ва амалҳои мушаххасе мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо мақсади пешниҳоди хизмат ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ амалӣ мегарданд. Бо рушди технология, ин хизматрасониҳо тадриҷан ба шакли электронӣ гузаронида шуда, равандҳои идоракуниро шаффоф, зуд ва дастрас мегардонанд. Аммо, ҳамзамон бо ин пешрафт, хавфҳои нав низ ба миён меоянд, ки бевосита ба масъалаи ҳифзи сирри давлатӣ ва маълумоти маҳрамона алоқаманд мебошанд.
Яке аз омилҳои асосии таҳкими низоми ҳифзи сирри давлатӣ, танзими дақиқ ва муназзами хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Вақте ки тамоми равандҳо тибқи стандартҳои ягона ва бо истифода аз технологияҳои муосир амалӣ мегарданд, эҳтимолияти ихроҷи маълумоти махфӣ ба маротиб коҳиш меёбад. Ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, инчунин, таъсири омилҳои инсонӣ ва хатогиҳои субъективиро кам менамояд, ки ин дар навбати худ ба таъмини амнияти иттилоотӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таъсиси системаҳои мутамаркази иттилоотӣ, заминаи боэътимодро барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ фароҳам меорад. Мубодилаи маълумот дар доираи чунин системаҳо танҳо дар асоси талаботи қонунгузорӣ ва бо риояи меъёрҳои қатъии амниятӣ сурат мегирад.
Низоми ҳифзи сирри давлатӣ бояд тамоми давраҳои коркарди иттилоотро фаро гирад: аз ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ то интиқол ва истифода. Дар ин самт, риояи стандартҳои байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои муосири рамзгузорӣ, системаҳои назорати дастрасӣ ва аутентификатсияи бисёрсатҳӣ аҳамияти махсус доранд. Ҳамчунин, гузаронидани аудитҳои амниятӣ ва назорати мунтазам метавонад камбудиҳои мавҷударо сари вақт ошкор ва бартараф намояд.
Омили муҳими дигар — ин омодагии касбии кормандони давлатӣ мебошад. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ ва дониши технологӣ, барои пешгирии ихроҷи маълумоти маҳрамона нақши ҳалкунанда мебозад. Аз ин рӯ, ташкили курсҳои омӯзишӣ, такмили ихтисос ва баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ дар байни кормандон бояд дар маркази диққат қарор гирад.
Ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати иттилоотии шаҳрвандон низ муҳим аст. Истифодаи дурусти хизматрасониҳои давлатӣ, риояи қоидаҳои амнияти рақамӣ ва эҳтиром ба маълумоти давлатӣ, метавонад ба коҳиш ёфтани хавфҳои иттилоотӣ мусоидат намояд. Ин талаб мекунад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ дар ҷомеа мунтазам гузаронида шаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, дар солҳои охир ба рушди хизматрасониҳои давлатӣ ва рақамисозии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Ташкили марказҳои хизматрасонии «як равзана», ҷорӣ намудани платформаҳои электронӣ ва такмили заминаи ҳуқуқӣ, аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҳифзи маълумоти давлатӣ равона шудаанд. Аммо, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас, зарур аст, ки инфрасохтори техникӣ боз ҳам рушд дода шуда, таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ васеъ истифода гардад.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҳамгироии технологияҳои рақамӣ бо идоракунии давлатӣ метавонад самаранокии хизматрасониҳоро ба таври назаррас баланд бардорад ва дар айни замон сатҳи ҳифзи иттилоотро тақвият диҳад. Аз ин рӯ, татбиқи чунин таҷрибаҳо бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, метавонад барои рушди устувори низоми хизматрасониҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар маҷмӯъ, хизматрасониҳои давлатӣ ҳамчун як механизми муосири идоракунӣ, на танҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд, балки дар таъмини амнияти миллӣ низ нақши муҳим доранд.
Тақвияти низоми ягонаи ҳифзи сирри давлатӣ тавассути такмили хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи технологияҳои пешрафта ва баланд бардоштани масъулияти инсонӣ, метавонад кафолати боэътимоди рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа гардад.
Сардори Шуъбаи молия ва хоҷагӣ Давлатзода Х.Қ.