Курси сайёри омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартарафнамоии он” дар минтақаи Кӯлоб санаи 16 апрели соли 2026 бо масъулини мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ташкилотҳо дар доираи “Барномаи Давлатӣ таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот барои солҳои 2022-2026” ва нақшаи амалисозии он баргузор гардид.
Курси омӯзишӣ бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи соҳавии давлатӣ ва инчунин баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои минтақаи Кӯлоб ба роҳ монда шуд.