Таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилаии Наврӯз аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ
Санаи 25 марти соли 2026 бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қалъаи таърихии Ҳисор сафар намуданд. Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва осорхонаи Қалъаи Ҳисор дидан намуданд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки ки қалъа аз се қисм иборат буда, қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ-уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Ҳамзамон, зимни боздид аз мавзеи таърихӣ “Мадрасаи куҳна” ё “Мадрасаи писаронаи қалъа” аз ёдгориҳои таърихии меъморӣ дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки мадраса бо номи “Мадрасаи куҳна” маъмул буда, баъди таъмиру тармим ва таъсис додани осорхона ба он номи пешинаашро “Мадрасаи писарона” нисбат доданд. Зеро ғайр аз ин мадраса дар шафати қалъаи Ҳисор “Мадрасаи духтарона” низ амал мекард, аз ин хотир “Мадрасаи куҳна”-ро бисёр вақт “Мадрасаи писарона” мегуфтанд. Бо мақсади пурра аз байн нарафтани ин мавзеъ мадраса ба осорхона табдил дода шудааст.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо, ҳозиринро ба муносибати таҷлили Наврӯзӣ байналмилалӣ табрику шодбош намуда, қайд намуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаест, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, аз ҷониби тамоми кишварҳои дунё ин иди зебои баҳор бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Дар идомаи тантанаҳои Наврӯзӣ баҳри боз ҳам рангину зебо намудани чорабинӣ бо ҷалби аҳли фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ иборат аз таронаҳои васфи ин иди баҳорӣ пешкашӣ меҳмонон гардонида шуда, бо шукӯҳу шаҳомати хоса анҷом ёфт.