Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ чорабинии бошукуҳи идона бо иштироки доираи васеи сокинон ва меҳмонон баргузор гардид. Ин ҷашни аҷдодӣ, ки рамзи эҳёи табиат, сулҳу ваҳдат ва дӯстиву ҳамдилист, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Чорабини аз намоиши анъанаҳои миллӣ, таомҳои наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида, сипас намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо иштирокчиён ва сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуда қайд намуданд, ки “Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хосаи худ эҳё гардида, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст”.
Дар идома барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандони шинохта баргузор гардида, суруду таронаҳои дилнишин, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, таҷассумгари анъанаҳои неки Наврӯзӣ ва фарҳанги ғании миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.