Курси сайёри омӯзишӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Бо мақсади шарҳу тавзеҳ додани талаботи маҷмӯи санадҳои намунавӣ, омӯзонидани талаботи қонунгузории соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот санаи 13 марти соли 2026 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ курси сайёри омӯзишӣ барои 30 нафар масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ дар мавзуи «Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Бобоназар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар идома коршиносони Саридора ба шунавандагон доир ба мавзӯъҳои муҳими соҳа иттилоъ дода, дар баробари ин мушкилоти дар фаъолияти мақомоти мавҷудбуда баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар соли 2026 роҳандозӣ гардида, тавре қайд гардид, мутахассисони соҳа ба шунавандагон тибқи барномаи омӯзишӣ дар ҳаҷми 8 соат маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Курси сайёри омӯзишӣ бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи соҳавии давлатӣ ва инчунин баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ВМКБ ба роҳ монда шуда, доир карда шуд.