Тибқи нақшаи кории Саридора санаи 13 марти соли 2026 бо иштироки сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ ва масъулони сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ семинар машваратӣ омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ҳангоми интишори мавод ва мушкилоти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории чорабинии болозикр ин баланд бардоштани дониши масъулони матбуоти даврии ҷумҳурӣ, сармуҳаррирони маҷаллаву рӯзномаҳои давлатӣ ва масъулони сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ, ҳамзамон ба таваҷҷуҳи ҷиддии онҳо расонидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва масъулият барои расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо мебошад.