Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати таъсиси нерӯи мустақили мудофиавӣ ба миён омад. Маҳз дар чунин шароити таърихӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 феврали соли 1993 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин рӯз барои кишвар натанҳо оғози ташкили сохтори низоми миллӣ буд, балки қадами муҳиме дар роҳи мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими пояи давлатдорӣ гардид, ки аз ҳамон замон то имрӯз ҳамасола санаи 23 феврал дар саросари ҷумхуриямон рӯзи Артиши миллиро ҷашн мегиранд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти мураккаби сиёсӣ ва амниятиро аз сар мегузаронд, зеро кишварамон рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро паси сар мекард ва амнияту суботи миллӣ зери хатар буд. Дар он давра ташкили Артиши миллӣ як амали ҷасурона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун меъмори сулҳ ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон шинохта шудаанд, дар шароити бисёр мушкил тавонистанд пояҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузошта, ба Тоҷикистон қудрати воқеӣ бахшанд. Дар ҳар марҳилаи таърихӣ рушди артиш зина ба зина комилтар ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифозат ва нигоҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки бидуни нерӯи тавонои мудофиавӣ давлат наметавонад истиқлоли воқеӣ дошта бошад. Хамин аст, ки таъсиси Артиши миллӣ барои Тоҷикистон масъалаи ҳаётан муҳим ба шумор мерафт, зеро Артиши миллӣ дорои чанд вазифаи калидӣ мебошад:
- таъмини амнияти миллӣ ва суботи кишвар;
- мустаҳкам кардани сохтори давлатдорӣ ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ;
- пешгирии таҳдидҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ;
- таъмини амнияти марзҳо ва ғайра.
Бояд гуфт, ки Ҷумхурии Тоҷикистон дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ ҷойгир аст ва марзи тӯлонии он бо Афғонистон назорати ҷиддиро талаб менамояд. Дар чунин шароит нақши Артиши миллӣ танҳо муҳофизати марз набуда, балки таъмини суботи минтақа мебошад.
Аз ин рӯ, Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлолиятӣ сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо вазифаи мудофиа аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилиро иҷро мекунад, балкӣ ҳамчун рамзи субот устувории сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши барҷаста мебозад. Дар ҷаҳон давлатҳое, ки артишӣ қавӣ надоранд, хамеша ба фишорҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ дучор мешаванд. Барои Тоҷикистон, ки давлати ҷавон ва дорои мавқеи хассоси геостратегист, артиш натанҳо зарурат, балки омили асосии бақои давлат мебошад.
Мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш махсуб меёбад.
Хулоса, Артиши миллии Ҷумхурии Тоҷикистон дар муддати беш аз 32 соли мавҷудияти худ собит намудааст, ки ҳамчун сипари боэътимоди Ватан хеле муътамад ва муназзам мебошад. Ин нерӯи низомӣ бо касбият, садокат, омодагӣ ва қобилияти баланди худ дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи арзишҳои давлати соҳибистиқлол саҳми беназир дорад.
Дар Конститусияи Чумхурии Тоҷикистон дар моддаи 43 дарҷгардидааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси хар як шаҳрванд мебошад”. Барои хамин хар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба артиш ҳамчун пояи давлат ва рамзи қудрат эҳтиром дошта бошад ва барои суботу оромии кишвар саҳмгузор шавад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президеенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон борхо вобаста ба вазъи мураккаби чахонӣ ва нооромии минтақа таъкид менамоянд, ки “Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромие, ки ба арзиши бисёр гарон ба даст овардем, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем”.
Сармутахассиси Раёсати
назорати реҷаи махфият
Асатуллозода Х.Д.