Вобаста ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” санаи 10 феврали соли 2026 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ бо ҳайати шахсии кормандони дастгоҳи марказӣ ва КВД “Марказ”-и Саридора баргузор гардид.
Дар вохурии мазкур намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайнозимзода Фирӯз иштирок намуда, доир ба сиёёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, нақши мақомоти давлатӣ дар татбиқи самаранокии он, ҳамкориҳои байниидоравӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуд.
Қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи муосир озодии инсон яке аз арзишҳои олӣ ва таъмини дахлнопазирии шахс вазифаи асосии давлат ба шумор меравад. Савдои одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шакли муосири ғуломӣ таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.
Аз ин лиҳоз, қабул намудани Стратегияи мазкур имкон медиҳад, ки ӯҳдадориҳои байналмиллалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон самаранок амалӣ шаванд ва ба ин васила механизмҳои назорат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳким ёбад.