Ҳар сол санаи 10-уми декабр дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии Ҳуқуқи башар таҷлил карда мешавад. Ин сана барои тамоми инсоният аҳамияти бузург дошта, рамзи эҳтиром ба шаъну шараф, қадру қимат ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон мебошад. Таҷлили ин рӯз на танҳо ёдоварӣ аз як воқеаи таърихӣ, балки даъват ба инсондӯстӣ, адолат ва баробарӣ дар ҷомеа аст.
Ин рӯз ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар соли 1948 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бахшида шудааст. Қабули ин ҳуҷҷат дар даврае сурат гирифт, ки инсоният пас аз фоҷиаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мекард. Миллионҳо одамон қурбони ҷанг, зӯроварӣ, табъиз ва поймолшавии ҳуқуқҳои асосии худ гардида буданд. Дар чунин шароит ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хулосае омад, ки танҳо бо эътироф ва ҳифзи ҳуқуқи инсон метавон сулҳу субот ва пешрафти устуворро таъмин намуд.
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳуҷҷати бунёдие мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро муқаррар мекунад. Дар он ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, амнияти шахсӣ, баробарӣ дар назди қонун, озодии андеша, сухан, виҷдон ва эътиқод, инчунин ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат ва зиндагии шоиста зикр шудаанд. Муҳимтарин хусусияти ин ҳуҷҷат дар он аст, ки он ҳуқуқи инсонро умумиҷаҳонӣ ва ҷудонопазир эътироф менамояд, яъне ҳар инсон новобаста аз миллат, нажод, забон, дин ё мавқеи иҷтимоӣ дорои ин ҳуқуқҳост.
Ҳуқуқи башар асоси ҷомеаи адолатпарвар ва давлатдории ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Ҷомеае, ки дар он ҳуқуқи инсон эҳтиром карда мешавад, метавонад ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад. Баръакс, поймол гардидани ҳуқуқи инсон боиси нооромӣ, низоъ, нобаробарӣ ва ақибмондагии ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳуқуқи инсон на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳимояи онҳоро кафолат медиҳад. Ҳамчунин, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамроҳ шудааст. Ин тадбирҳо ба таҳкими қонуният, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат менамоянд. Бо вуҷуди пешрафтҳо, дар ҷаҳони муосир мушкилоти зиёде дар соҳаи ҳуқуқи инсон боқӣ мемонанд. Ҷангҳо, муноқишаҳои мусаллаҳона, камбизоатӣ, табъиз, маҳдудияти озодии сухан ва поймолшавии ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла занон, кӯдакон ва маъюбон, масъалаҳое мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон месозанд. Дар чунин шароит Рӯзи байналмилалии Ҳуқуқи башар аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад, зеро он мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳимояи арзишҳои инсонӣ даъват менамояд.
Нақши ҷавонон дар пешбурди ғояҳои ҳуқуқи башар хеле муҳим аст. Ҷавонон бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошанд, фарҳанги ҳуқуқиро риоя намоянд ва дар ҷомеа мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошта бошанд. Омӯзиши ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои таълимӣ ба ташаккули шахсияти масъулиятшинос, ватандӯст ва инсондӯст мусоидат мекунад. Шахсе, ки ҳуқуқи худро мешиносад, метавонад ҳуқуқи дигаронро низ эҳтиром кунад ва дар пешгирии беадолатӣ саҳмгузор бошад. Ҳамзамон, ҳуқуқи инсон танҳо маҷмӯи ҳуқуқҳо нест, балки бо уҳдадориҳо зич алоқаманд мебошад. Ҳар як инсон вазифадор аст, ки ҳуқуқи дигаронро поймол накунад, қонунҳоро риоя намояд ва ба манфиатҳои ҷомеа эҳтиром гузорад. Танҳо дар чунин ҳолат метавон ҷомеаи солим, муттаҳид ва пешрафтаро бунёд намуд.
Хулоса, Рӯзи байналмилалии “Ҳуқуқи башар” — ин ёдоварӣ аз қадри инсоният, арзиши волои инсон ва масъулияти ҳар яки мо дар назди ҷомеа мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба ҳуқуқу озодиҳои худ ва дигарон бо эҳтиром муносибат намоем, адолатро ҳимоя кунем ва барои сохтани ҷомеае саъй намоем, ки дар он сулҳ, баробарӣ ва инсондӯстӣ ҳукмфармо бошад. Ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳи асосии рушди устувор ва ояндаи дурахшони инсоният мебошад.
Собирзода С. – сармутахассиси Раёсати назорати реҷаи махфияти Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон