Дар доираи нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва Нақша чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот барои солҳи 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, санаи 23 декабри соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ курси такмили ихтисос дар мавзӯи “Натиҷаи таҳлилҳои соҳавӣ дар низоми ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилоти ошкоршуда ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо” оғоз гардид. Курси мазкур барои масъулони мақоми низоми махфияти сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар оғози чорабини сардори Саридора муҳтарам Шералӣ Мирзо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки курси такмили ихтисос барои кормандони мақомоти болозикр давоми се рӯз аз 23 то 25 декабри соли ҷорӣ идома ёфта, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён вобаста ба мавзӯҳои мубрами соҳа дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дарс мегӯянд.