Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, стратегӣ ва барномавии давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати давлатии кишварро барои солҳои оянда муайян менамояд.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистони азиз нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, бевосита дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд.
Лозим ба зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали давлатдориашон ба занону духтарони тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои баланд бардоштани мавқеи мо, занону бонувони кишвар пайваста тадбирандешӣ менамоянд.
Ташкили мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила, қабули чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд”, зоҳир гардидани таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои муаззами миллат гувоҳи гуфтаҳои боло маҳсуб меёбад.
Лозим ба зикр аст, ки Президенти маҳбуби миллат мунтазам зимни суханрониҳои худ, махсусан паёмҳои ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ҳалли масъалаҳои марбут ба занону духтарон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки мо, бонувон бо доштани чунин Сарвари оқилу фарзона, дурандешу хирадманд ва пуштибону роҳнамо ифтихор мекунем.
Президенти мамлакат таъкид менамоянд, ки “Занон дар таҳкими оила, тарбияи насли солим, рушди маориф, тандурустӣ ва соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд”.
Лозим ба зикр аст, ки дар баробари дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа, масъалаи баланд бардоштани мақом ва манзалати занон, фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият ва баробарҳуқуқии онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари Паёми Пешвои муаззами миллат қарор гирифтааст.
Тавре ки Сарвари давлат зимни ироаи паёмашон иброз доштанд, “Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад”.
Ҳамин дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар аст, ки имрӯз занону бонувони тоҷик дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маорифу илмомӯзӣ, иқтисоду иҷтимоиёт, техникиву муҳандисӣ, фарҳангиву сиёсӣ, меъмориву сохтмон кору фаъолияти муназзам доранд. “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”, – таъкид доштанд Пешвои муаззами миллат.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки марбут ба фаъолияти занону модарони тоҷик мунтазам дар паёмҳои Сарвари давлат садо медиҳад, ин саҳмгузории онҳо дар риоя ва амалигардонии қонунҳои миллии кишвар мебошад.
Зеро дар тарбия ва камолоти дурусти насли башар, риояи фарҳанги миллӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ занону модарон нақши бузург доранд.
Мо, бонувони сарбаланду хушиқболи тоҷик ҷавобан ба ин ҳама дастгириву таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами худ кӯшиш менамоем, ки бо иродаи мустаҳкам баҳри иҷрои амалии сиёсати давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ тамоми неруи худро равона созем.
Дилноза Аминзода,
мутахассиси пешбари Раёсати ташкили коргузорӣ, назорат
ва кор бо кадрҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон