Дар доираи Нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ санаи 22 декабри соли 2025 дар бинои дасгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сирри давлатӣ: тадбирҳои қонунӣ ва масъулияти риояи он” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар роҳбарият ва раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуда, аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба иштирокчиён дар самти ҳифзи сирри давлатӣ, пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва мушкилоти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо маърӯзаҳо карда шуд.
Зимни суханрони қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таблиғи ғояҳои созанда, таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву иҷтимоии ҷомеа нақши калидӣ дошта, уҳдадоранд, ки зимни фаъолияти худ талаботи қонунгузории соҳаи сирри давлатиро донад ва ҷиҳати пешгирии интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар васоити ахбори омма чораҳои дахлдор андешанд.