Дар дастгоҳи марказии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиззода Бурҳониддин ва ҳайати шахсии кормандони дастгоҳи марказии Саридора машварати корӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Намояндаи Кумита зимни суханронии худ ба ҳозирин оид ба дастовардҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оқибатҳои риоя накардани қонуни мазкур маълумот дода, мафҳумҳои асосии қонунро дар таҳрири нав шарҳу тавзеҳ дод.
Қайд карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2024 дар таҳрири нав қабул гардид, ки аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур мусоидат ҷиҳати ба зиндагии шоиста расидани шаҳрвандони кишвар мебошад.
Зимни пешниҳоди маъруза моҳияти баргузор намудани маъракаву маросим фаҳмонида шуда, доир ба анҷом додани корҳои хайру савоб, ба монанди дастгирии ниёзмандон, сохта ба истифода додани иншооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим – муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири пулу роҳҳо ва ғайра тавсияҳо дода шуданд.
Дар чорабинӣ муҳтавои ҳар як боб, модда ва ҷазоҳои пешбинишуда барои вайрон намудани муқаррароти қонуни мазкур ба иштирокчиён шарҳ дода шуд.
Машварати корӣ, ба таҳкими донишҳои касбӣ, эҳсоси масъулият дар назди қонун ва такмили малакаҳои хизматчиёни давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.