Санаи 2 декабри соли 2025 дар шаҳри Ҳуҷанди вилояти Суғд аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, курси такмили ихтисос дар мавзӯи “Натиҷаи таҳлилҳои соҳавӣ дар низоми ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилоти ошкоршуда ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо” баргузор гардид. Дар ҷараёни баргузории курси мазкур барои кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилояти Суғд санаҳои 2 ва 3 декабри соли 2025 мутахассисони соҳа вобаста ба мавзуъҳои мубрами соҳа, масъалаҳои марбут ба фаъолият, роҳҳои ҳифзи техникии иттилоот ва таъмини он дарс мегӯянд.