Санаи 21 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Комиссияи мазкур ҳамчун мақоми дастаҷамъӣ бо мақсади таҳкими соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар заминаи натиҷагирии тадбирҳои амалӣ ҳамасола ташкил карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.
Дар ҷаласаи Комиссия муовинони якум ва муовинони роҳбарони вазорату идораҳо, ки аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ мебошанд, иштирок намуда, паҳлуҳои гуногуни назариявӣ ва илмию амалии таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоотро дар замони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина гузориши намояндагони мақоми ваколатдор оид ба татбиқи талаботи қонун “Дар бораи сирри давлатӣ”, иҷрои нақшаи кории Комиссия ва натиҷаҳои санҷишу маниторингҳои гузаронидашуда дар ин самт шунида шуданд. Комиссия оид ба беҳтар намудани механизмҳои ҳифзи иттилоот, иҷрои саривақтии меъёрҳои қонунгузорӣ ва тақвияти назорат як қатор дастуру тавсияҳо қабул намуд.
Дар идомаи ҷаласа, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин мақоми низоми махфият" дар соли 2025, ки дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, натиҷагирӣ карда шуда, 18 нафар масъулони мақоми низоми махфият, ки соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд аз ҷониби сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Комиссия бо ҷом, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.