Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин масъули мақоми низоми махфият” ҷамъбаст гардид.
Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” соли сеюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин масъули мақоми низоми махфият” –ро баргузор менамояд.
Озмуни мазкур, бо мақсади баланд бардоштани сифатнокии хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ, дарёфт ва ҳавасманд намудани масъулони мақоми низоми махфияте, ки нишондиҳандаҳои хуби корӣ дошта, фаъолияти дурусту босамари мақоми низоми махфиятро баҳри ҳифзи боэътимоди сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд гузаронида мешавад.
Лозим ба зикр аст, Саридора озмуни мазкурро барои таҳкими донишҳои масъулони МНМ, ҳавасмандгардонии онҳо, такмили малака ва муттаҳидсозии онҳо дар як фазо баргузор намуда, даври якуми онро дар ду зердвар доир намуд.
Аз шумораи умумии иштирокчиён беҳтаринҳо ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин масъули мақоми низоми махфият” дар соли 2025 роҳхат дода шуда, ба унвонии мақомоти болоии ҳар як ғолиби озмун “Сибоснома” ва мактуби миннатдории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ирсол карда шуд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин мақоми низоми махфият” дар соли 2025 тибқи тартиби пешбинигардида, дар асоси Низомномаи озмун бо пешниҳоди билет ба ҳар як иштирокчӣ иборат аз се савол ва тариқи посухҳои шифоӣ баргузор карда мешавад, аз ҷониби аъзои комиссия ба ҷавобҳои додашудаи иштирокчиён аз 1 то 10 хол баҳогузорӣ карда мешавад.
Баъд аз муайян шудани ғолибони даври ниҳоии озмун дар фазои тантанавӣ ғолибон бо ифтихорнома, сипоснома, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.