Имрӯз, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ ба маҳаллаи Гулбутта-4 ташриф овард. Зимни боздид Раиси ноҳия бо масъулони соҳа ва кормандони…
Имрӯз, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ ба маҳаллаи Гулбутта-4 ташриф овард.
Зимни боздид Раиси ноҳия бо масъулони соҳа ва кормандони корҳои сохтмонӣ суҳбат намуда, ба рафти иҷрои корҳои ободонӣ, аз ҷумла омодасозии роҳҳои маҳалла барои мумфаршкунӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Сафарзода Дилшод Ғанӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки корҳои сохтмонию ободонӣ бояд дар асоси талаботи муосир, бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шаванд. Аз ҷумла, барои мумфарш намудани роҳҳои маҳалла истифодаи маводи босифат, риояи технологияи корҳои роҳсозӣ ва таъмини устуворӣ ва дарозумрии роҳҳо зарур шуморида шуд.
Ҳамзамон, масъулон вазифадор гардиданд, ки ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро таҳти назорати доимӣ қарор дода, камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд. Таъкид гардид, ки сифати кор набояд ба хотири суръати иҷрои он коҳиш дода шавад.
Дар рафти боздид инчунин масъалаи омодагии маҳалла ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки корҳои созандагию ободонӣ бояд дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шуда, роҳҳои маҳалла бо сифати баланд сохта ва ба истифода дода шаванд.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда корҳои ободониро вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини муҳити зебо, тозаву озода ва барои сокинон муносиб тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Зимнан, корҳои ободонию созандагӣ дар маҳаллаи Гулбутта-4 дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, назорати мунтазами рафти корҳо аз ҷониби масъулони ноҳияи Фирдавсӣ таъмин карда мешавад.