Муҳтарам табибону кормандон ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ! Бо болидаруҳӣ ва сарсабзиву сарфарозии миллати тоҷик мехоҳам тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик ва таҳният гӯям. Пеш аз…
Муҳтарам табибону кормандон ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ!
Бо болидаруҳӣ ва сарсабзиву сарфарозии миллати тоҷик мехоҳам тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик ва таҳният гӯям.
Пеш аз ҳама, ба ҳамаи Шумо – кормандони фидокори соҳаи тандурустӣ, табибони соҳибтаҷриба, ҳамшираҳои шафқат, кормандони миёна ва хурди тиббӣ, собиқадорони соҳа ва ҷавонони навҷӯ саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои пайдарпай ва шоистаро орзу менамоям.
Воқеан, табиб касест, ки бо дарду ранҷи инсон рӯ ба рӯ мешавад, ба бемор умед мебахшад ва барои бозгардонидани саломатии љомеа тамоми донишу таҷриба ва неруи худро сафарбар мекунад. Аз ин рӯ, касби табиб яке аз муқаддастарин ва масъулиятноктарин касбҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустии мамлакат ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бо сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста дастгирӣ ёфта истодааст.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди инфрасохтори соҳа, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ барои рушди соҳа заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар муассисаҳои нави тиббӣ бунёд ва мавҷудаҳо таҷдиду навсозӣ гардида, имкониятҳои ташхису табобат васеъ шуданд. Марказҳои муосири тиббӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳавӣ ба истифода дода шуданд.
Имрӯз табибони тоҷик бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва усулҳои нави ташхису табобат ба мардум хизмат мерасонанд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати дурбинона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар самти ҳифзи саломатии миллат мебошад.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат рушди муассисаҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ мебошад.
Дар ин раванд шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар ба маркази асосии тиббӣ, илмӣ ва табобатии ҷумҳурӣ табдил ёфта истодааст.
Бо дастгирӣ ва роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт корҳои созандагию бунёдкорӣ дар соҳаи тандурустӣ вусъати тоза гирифта, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ ва истифодаи технологияҳои муосир тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Имрӯз Душанбе на танҳо бо симои зебо ва инфрасохтори муосири худ, балки бо муассисаҳои замонавии тиббӣ, табибони соҳибкасб ва имкониятҳои васеи хизматрасонии тиббӣ низ мавқеи хос пайдо кардааст.
Имсол барои мардуми Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад. Мо 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор ва дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем.
Дар ин 35 сол кишвари мо роҳи пурифтихори созандагиро тай намуда, дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ дар ин давраи таърихӣ қадам ба қадам рушд намуда, имрӯз ба яке аз ноҳияҳои ободу пешрафтаи пойтахт табдил ёфтааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия корҳои васеи созандагиву ободонӣ анҷом дода шуданд. Сохтмони иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ, роҳҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ симои ноҳияро ба таври назаррас дигаргун намудаанд.
Имрӯз сокинони ноҳияи Фирдавсӣ аз шароити хуби зиндагӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд. Бунёд ва навсозии муассисаҳои тиббӣ, беҳтар гардидани шароити кории кормандони соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ низ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд.
Ин пешрафтҳо пеш аз ҳама натиҷаи сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, сиёсати созанда ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва роҳбарияти шаҳри Душанбе мебошанд.
Ҳамзамон, мехоҳам таъкид намоям, ки рушди соҳаи тандурустӣ танҳо бо бунёди биноҳои нав ва дастрас намудани таҷҳизоти муосир маҳдуд намешавад. Асоси ин соҳа мутахассиси соҳибкасб, табиби масъулиятшинос, инсонпарвар ва содиқ ба касби худ мебошад. Аз ин рӯ, мо ба заҳмату талошҳои ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ арҷ мегузорем.
Бори дигар таъкид менамоям, ки табибон дар ҷомеаи мо рисолати бузург ва муқаддас доранд. Шумо табибони муҳтарам барои ҳифзи муҳимтарин неъмати инсон – ҳаёт ва саломатӣ хизмат мекунед.
Боварӣ дорам, ки кормандони соҳаи тандурустии кишвар алалхусус ноҳияи Фирдавсӣ минбаъд низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, донишу таҷрибаи касбӣ ва эҳсоси баланди масъулият ба мардум хизмат намуда, дар рушди соҳа саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи Шумо бори дигар саломатии бардавом, умри дароз, хушбахтии оилавӣ, неруи созанда ва дар фаъолияти пуршарафатон комёбиҳои беназир орзу менамоям.